МегаФон Таджикистан

«МегаФон Тоҷикистон» дар Конибодом интернети 4G-ро роҳандозӣ намуд

Время чтения: 2 мин
«МегаФон Тоҷикистон» дар Конибодом интернети 4G-ро роҳандозӣ намуд

Ширкати “МегаФoн Тоҷикистон” оид ба роҳандозии шабакаи насли чорум (4G) дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд хабар медиҳад. Акнун боз зиёда аз панҷоҳ ҳазор сокинони минтақа имкон пайдо мекунанд, ки бо суръати то 50 Мбит/с аз интернети мобилӣ истифода баранд. Шабакаи насли чорум дар тамоми ҳудуди шаҳри Конибодом дастрас буда, фарогириаш 100%-а мебошад.

Аввалин шуда сокинони шаҳр, ки дар лоиҳаи “4G: Суръати бемаҳдуд” ширкат намуданд, имкон пайдо карданд, ки сифати интернети босуръатро баҳогузорӣ намоянд. Дар давоми як моҳ ба муштариёни ширкат SMS-огоҳиҳо оид ба роҳандозии бомуваффақонаи шабакаи насли чорум ирсол мегардиданд. Иштирокчиёни ихтиёрии санҷиш зиёда аз 100 маротиба суръати интернетро дар нуқтаҳои мухталифи шаҳр андоза намуданд. Нафарони санҷишро анҷомдода ба чунин хулоса омаданд: суръати миёнаи таҳвили маълумот аз шабакаи 3G воқеан баландтар буда, он барои боргирии қулайи “контенти вазнин”, тамошои филмҳо дар шакли HD ё бозиҳои онлайн кифоя аст.

“Конибодом – шаҳрест, ки аҳолии он нисбатан бештар интернетро истифода мебарад, - қайд намуд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ. – Қисми зиёди трафики интернети минтақа маҳз ба сокинони шаҳри Конибодом рост меояд. Бо роҳандозии шабакаи 4G истифодабарандагон ба интернети ноқилӣ алтернатива пайдо карда, инчунин барои соҳибкории ҳам корхонаҳои калон, ҳам хурд имкониятҳои навро ба даст меоранд. Қайд кардан зарур аст, ки арзиши таҳвили маълумот дар шабакаҳои 3G ва 4G баробар аст”.

“Ман хеле хушҳол аз онам, ки “санҷанда”-и шабакаи насли чоруми “МегаФон Тоҷикистон” гардидам. Мароқи ман нисбати технологияҳо ва суръатҳои интернет ниҳоят баланд аст, акнун бо чунин суръатҳо ман метавонам ҳам дар кӯча, ҳам зимни истироҳат дар хонаи худ аз интернет ҷудо нагардам. Бо интернети 4G метавонам дӯстонамро бо миқдори зиёди наворҳои видеоӣ аз зодгоҳ, ки барои тамошо дар давоми дақиқаҳои ангуштшумор бор гирифта мешаванд, хушҳол намоям. Суръатҳо интернет олианд!” – мегӯяд яке аз озмоишгарони якуми 4G дар Конибодом Абдуқаҳҳор ШАРИПОВ. 

Баҳогузории афзалияти интернети 4G бо ёрии таҷҳизоти дастгирикунандаи технологияи мазкур имконпазир аст. Хусусияти стандарти 4G-и ”МегаФон Тоҷикистон” мутобиқати пурраи он ба шабакаҳои наслҳои қаблӣ ба ҳисоб меравад. Баъди тарки ҳудуди фаъолияти шабакаи насли чорум смартфон, модем ё планшет фаъолияти худро дар шабакаҳои 3G ё 2G идома медиҳад.

Маълумоти нисбатан муфассалро оид ба имконияти фаъолияти таҷҳизоти мобилии худ дар шабакаи 4G сокинони шаҳр метавонанд дар идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” воқеъ дар назди бозори марказии ноҳияи Конибодом ё тариқи рақамчинии USSD-дархости *0454# пайдо намоянд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2