МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” шабакаи 4G-ро ба андозаи яку-ним маротиба вусъат бахшид

Время чтения: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” шабакаи 4G-ро ба андозаи яку-ним маротиба вусъат бахшид

Муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ҳудуди шаҳри Душанбе даҳҳо истгоҳҳои нави базавии насли чорумро ба кор даровард. Дар натиҷа фарогирии шабакаи таъминкунандаи суръатҳои аз ҳама баланди интернети мобилӣ ба андозаи 50% васеъ шуд.

“Тасодуф нест, ки пойтахти ҷумҳурӣ дар нақшаҳои рушди техникии мо ҷойи махсусро ишғол менамояд. Аввалан, дар ин шаҳр бисёр муассисаҳои давлатӣ, маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ширкатҳо, заводу фабрикаҳо, муассисаҳои олии таълимии кишвар ҷойгир мебошанд. Дуюм ин, ки бисёр сокинони пойтахт истифодабарандагони фаъоли хизматрасониҳои муосири алоқа ба ҳисоб мераванд. Васеъшавии алоқа ба онҳо имкон медиҳад, ки интернетро бо суръатҳои баланди 4G истифода намуда, аз сериалҳои беҳтарини нав, ки дар портали MegaMovie ҷойгир карда шудаанд, бохабар бошанд”, - мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

Бо саъю кӯшиш ҷиҳати таъмини мизоҷон бо алоқаи баландсифат “МегаФон Тоҷикистон” дар кишвар яке аз аввалинҳо шуда шабакаи насли чорумро ҷорӣ намуд, ки он ҳатто бо контенти интернетии “вазнин” имконияти корбариро фароҳам меорад. Дар доираи он дар муқоиса бо шабакаҳои 3G аксҳою видео ва дилхоҳ сомонаҳою мактубҳои электронӣ даҳ маротиба зудтар кушода мешаванд. Ҳатто суръатҳои миёна истеҳсолнокии дигари ҷиддии дастгоҳҳои мобилиро таъмин менамояд. Ҳамаи ин имкониятҳо махсусан барои ҷавонони фаъоле муҳиманд, ки интернети мобилиро барои гирифтани маълумоти олӣ ё омӯзиши забонҳои хориҷӣ истифода менамоянд.

“Тули чандин сол муштарии шумо ҳастам. Дар ҳоли имрӯз интернете ширкати шумо яке аз беҳтаринҳо мебошад. Барои беҳтаркунии суръати интернет дар шаҳр ба шумо миннатдорем!”-мегӯяд муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Маҳмадулло НИЗОМОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2