Толори нави фирмавӣ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди бозори марказии «Панҷшанбе» кушода шуд. Ба меҳмонони толор маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои ширкат – имкони интихобкунии рақами «зебо», пайвастшавӣ ба тарофаҳои муфид, пуркунии ҳисоби мобилӣ, гирифтани машварат дар масъалаҳои алоқаи мобилӣ аз мутахассисони ботаҷриба, инчунин имкони харидани дастгоҳҳои навтарини мобилӣ ва таҷҳизоти дигар барои алоқа бо дӯстону наздикон дастрас мебошад. «Толори нав дар минтақаи аз ҳама серодами шаҳри Хуҷанд кушода шуд. Тариқи қатори нуқтаҳои савдо ва истгоҳи автомобилие, ки дар назди онҳо толор ҷой гирифтааст, теъдоди зиёди одамон мегузаранд, - мегӯяд Далер НАИМОВ, Роҳбари раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд. – Ҳангоми интихоби ҷой барои толорҳоямон мо ҳамеша диққати асосиро ба талаботи мизоҷон, пеш аз ҳама ба интихоби макони қулай барои муштариён равона менамоем. Дар назар аст, дар давоми як рӯз дар толори нав то 100 нафар мизоҷон мавриди хизматрасонӣ қарор дода шаванд».
«МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Хучанд толори нав кушод
Время чтения: 1 мин