МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” ноҳияҳоро ба суръати 4G мегузаронад

Время чтения: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” ноҳияҳоро ба суръати 4G мегузаронад

Дар моҳи май ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 10 истгоҳи нави базавии насли чорумро дар ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Ваҳдат ба истифода супорид. Акнун ба муштариёни оператор суръати интернети мобилӣ бо шиддати то 30 Мбит/с дастрас аст, ки он аз имконоти шабакаи пешинаи 3G якчанд маротиба беҳтар мебошад.

Афзалияти асосии шабакаи 4G/ LTE – суръатҳои баланди таҳвили маълумот мебошад. Онҳо ба муштариён имкон медиҳанд, ки бе мамониат сабтҳои видеоиро тамошо карда онлайн-бозиҳоро бозӣ намоянд. Инчунин суръати кори ҳамаи хизматҳои интернетӣ низ баланд мешавад – ҳамин тариқ, барои кушодани сомонаҳо ё боргирии медиа-контент акнун сонияҳои ангуштшумор мераванду халос. Ин маънои онро дорад, ки сокинони ноҳияҳо инчунин барои фаъолият, таҳсил ё фароғати худ чун дар шаҳрҳои калон имкониятҳо пайдо намуданд.  

“Тӯли муддати зиёд муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мебошам ва интернетро фаъолона истифода мебарам. Дар ноҳияи мо ширкати шумо алоқаи босифати мобилиро пешниҳод менамояд, акнун мо ба интернети 4G ҳам дастрасӣ пайдо кардем, ки ин боиси хурсандист. Барои имконияти истифодаи интернет бо суръатҳои баланд аз Шумо миннатдорем!” – таассуроти худро изҳор намуда мегӯяд сокини ноҳияи Турсанзода Акрам ОБИДОВ.

“Суръатҳои интернети 4G озодии воқеии мобилиро фароҳам меоранд. Тамошои филмҳо бо сифати HD дар экрани смарфтон ё бурдани мукотибаи корӣ дар ҳама макон имконпазир аст, ин махсусан бо шабакаи насли чорум хеле қулай мебошад. Акнун ҳудуди фаъолият он боз чор маркази ноҳиявии Ноҳияҳои Тобеи Марказ дар бар гирифтааст. Дар оянда мо ҳангоми инкишофи шабакаи 4G равонасозии диққати махсусро ба нуқтаҳои хурди аҳолинишини ҷумҳурӣ дар назар дорем”, - қайд намуд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2