МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон мизоҷони тиҷоратии Хуҷандро ба бозии зеҳнӣ даъват намуд

81 просмотр
Время чтения: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон мизоҷони тиҷоратии Хуҷандро ба бозии зеҳнӣ даъват намуд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бозии зеҳнӣ-равонии “МегаМафия”-ро доир намуд. Вохӯрӣ дар идораи марказии МегаФон Тоҷикистон ҷараён гирифта буд. Ба ҳайси меҳмонони чорабинӣ мизоҷони корпоративӣ ва шарикони ширкат даъват карда шуданд.

 

Табъи хуш ва бозии “МегаМафия” ба меҳмонон имкон дод, ки то ҳадде аз ташвишҳои ҳаррӯза худро канор гирифта, вориди фазои интерактивӣ шаванд, худро дар нақши қаҳрамонҳои бозӣ эҳсос намоянд ва, аз ҳама муҳим, ҷиҳатҳои боқуввати худро, ки мувофиқи шартҳои бозӣ хеле муҳим арзёбӣ мешуд, нишон диҳанд. Шакли вохӯрӣ тарзе пешбинӣ гардид, ки шарикон, мизоҷони эҳтимолӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои дӯстона шоми ҷумъаро гуворову муфид гузарониданд. “Ин қабил чорабинӣ барои мо имконияти наздикшавӣ, муошират бо якдигар ва роҳандозии робитаҳои нави корӣ маҳсуб меёбад”, - мегӯяд яке аз иштирокчиён Зуфар БАШИКОВ.   

Барои ман иштирок дар ин қабил чорабиниҳо таҷрибаи нав нест, зеро ба шарофати ширкати МегаФон Тоҷикистон ман қаблан дар бозии “Мега боулинг” барои шарикони ширкат, ки ҳамчунин хеле ҷолиб буд, иштирок карда будам, лекин дар бозии “МегаМафия” бори аввал иштирок мекунам. Барои бозингари пуртаҷриба шудан донистани танҳо шартҳои бозӣ кифоя нест, дар ин маврид донистани психология, қобилияти идоракунии вазъият ва муайянкунии нақши ҳар як бозингаре, ки дар рӯ ба рӯйи ту нишастааст, зарур меоянд”, - мегӯяд Акмал РАШИДОВ. Баҳри боз ҳам рангину ҷолиб ва хотирмон кардани чорабинӣ дар танаффусҳои бозӣ баромади сароянда Фирдавс ХОЛНАЗАРОВ ташкил карда шуд. Мавсуф ҳозиринро бо навохтани гитара ва сароидани сурудҳои ситораҳои эстрада дар шакли “овози зинда” хушҳол намуд.

“Вазифаи мо – ба мизоҷон пешниҳод кардани он хизматрасониҳоест, ки маҳз тиҷорат«Наша задача – предлагать клиентам услуги, в которых нуждается конкретно их бизнес. А для этого нужно хорошо представлять себе личность клиента, его характер и жизненные цели. Формат общения «без галстуков и презентаций» понравился всем и оставил исключительно позитивные эмоции. Данная встрече была в этом отношении очень продуктивной. Мы не только прекрасно провели время, но и познакомились ближе, наши партнёры и мы стали лучше понимать друг друга. Теперь будет проще делать клиентам «предложения, от которых невозможно отказаться!», – рассказал директор регионального управления компании «МегаФон Таджикистан» по Согдийской области Далер НАИМОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2