11 ноябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) натиҷаҳои рейтинги сабукии пеш бурдани тиҷорати «Doing Business»-ро манзур намуд. Дар чорабинӣ яке аз масъалаҳои муҳим, ба монанди гирифтани қарзҳо аз ҷониби соҳибкорон, мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Ба шарофати лоиҳаи муштараки МегаФон Тоҷикистон ва ҶСП ТАҚХ «Хумо» қарзҳои хурд барои мизоҷони оператор бештар дастрас шуданд.
Рейтинги ҳарсола дар таҳияи IFC, ки ба Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ шомил аст, 190 кишварро дар бар мегирад. Сифат ва самаранокии муҳити тиҷоратию соҳибкорӣ аз рӯи 11 категория, аз ҷумла сабукии гирифтани қарзҳо, баҳо дода мешавад. Маҳз ҳамин масъала дар меҳвари таваҷҷуҳи иштирокчиёни мизи мудаввар қарор гирифт. Имкониятҳои худро намояндагони бонкҳо, ташкилотҳои молиявии хурд, инчунин ширкати «МегаФон Тоҷикистон» муаррифӣ намуданд.
Тавре намояндагони оператор иброз намуданд, хизматрасонии «Қарзи осони Хумо» дар ҳамкорӣ бо ҶСП ТАҚХ «Хумо», ки яке аз ширкатҳои маъруфи қарзии хурди ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, роҳандозӣ шудааст. Хизматрасонии мазкур воқеан ҳам роҳи қулайи гирифтани маблағҳо ба тавозуни рақами абонентӣ ё ба ҳисоби худ дар «Хумо» эътироф гардид. Маблағҳои гирифташударо барои интиқол ба кортҳои системаи «Корти милли», пардохти хизматрасониҳои гуногун ё нақднамоӣ дар Марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои ҶСП ТАҚХ «Хумо» истифода бурдан мумкин аст.
«Дар баробари азхудкунии фаъолонаи саноати FinTech-, мо кӯшиш дорем, ки ба мизоҷон усулҳои нав барои пешбурди соҳибкорӣ ва назорати воситаҳои молиявии худ пешниҳод намоем. Боварӣ дорем, ки паҳншавии васеи хизматгузориҳои қулайи рақамӣ барои ноил шудани кишвари мо ба мақомҳои баланд дар рейтинги IFC мусоидат менамояд», – иброз дошт директори молиявии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Александр ШАМИЛОВ.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиёни он маълумоти муфассал оид ба хизматрасонии «Қарзи осон» пайдо намуда, тариқи пайвастшавӣ ба шабакаи«МегаФон Тоҷикистон» аз хизматгузории қулайи FinTech истифода бурданд.