Лоиҳаи HiBrand Pamir 2019, ки аз ҷониби ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ба теъдоди ҷоизадорони Eventiada IPRA Golden World Awards 2019 – ҷоизаи калонтарин дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна дар соҳаи телекоммуникатсия шомил гардид. Конфронси байналмилалии HiBrand Pamir 2019 аз ҷониби оператор моҳи сентябр гузаронида шуд ва мукофотро дар номинатсияи «Трендҳои байналмилалӣ дар коммуникатсияҳо» ба даст овард.
Конфронси HiBrand Pamir 2019 дар пешниҳоди МегаФон Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардид. Конфронси мазкур маркетологҳо, роҳбарони ширкатҳои ҷумҳурӣ ва коршиносонро аз Россия, Белоруссия, Украина, Озарбойҷон ва Латвия доир ба масоили трендҳои навин дар соҳаи маркетинг ва коммуникатсияҳо ба ҳам овард.
Ҳакамони Eventiada IPRA Golden World Awards лоиҳаи муштараки МегаФон ва продюсери HiBrand Андрей Пуртовро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд. Барои ҷоиза зиёда аз 1 000 дархост аз 13 кишвари ҷаҳон, ба монанди Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Булғористон, Маҷористон (Венгрия), Қазоқистон, Полша, Россия, Сербия, Тоҷикистон, Украина, Хорватия ва Эстония, пешниҳод гардида буд. Сарфи назар аз чунин рақобати баланд, конфронси HiBrand Pamir ба сегонаи беҳтаринҳо дар номинатсияи худ шомил гашт.
«Соли 2018 ширкати МегаФон Тоҷикистон мукофоти «Эвентиады»-ро аз рӯи роуд-шоу барои рӯзноманигорони се кишвар соҳиб гардид. Ин бор ҳам пирӯзӣ насиби мо шуд. Мо на танҳо чорабиниҳои рамзиро бо алоқаи боэътимод таъмин мекунем, балки ҷиҳати инкишофи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷоришавии хизматрасониҳои инноватсионии рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамоем. Хушҳол аз он ҳастем, ки ҳакамон ба натиҷаи конфронс баҳои баланд додааст» – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати МегаФон Тоҷикистон Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
«Дар баробари ҳамкорӣ бо ширкати МегаФон Тоҷикистон, ман боварӣ доштам, ки мо дар якҷоягӣ ин гуна чорабиниро, ки барои ҷомеаи тиҷоратию соҳибкории ҷумҳурӣ рӯйдоди хотирмон хоҳад шуд, баргузор карда метавонем. Донишу таҷрибаи муфидро аз коршиносон зиёда аз 100 роҳбарон ва мутахассисони ширкатҳои Тоҷикистон дар фазои якдигарфаҳмӣ ба даст оварданд. Ҳаминро қайд кардани ҳастам, ки саъйю кӯшиш ба андешаву лоиҳаҳо ва идеяҳои нав тавассути шиносоӣ бо соҳибкасбони кишварҳои дигар воқеан ҳам тренди муҳим маҳсуб мешавад» - иброз намуд продюсери лоиҳаи HiBrand Андрей ПУРТОВ.
Конфронс бо дастгирии Сафоратхонаи Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. «Хеле шодам, ки ширкати МегаФон Тоҷикистон чунин мукофоти бонуфузи байналмилалиро соҳиб гаштааст. Оператори мазкур ба рушди соҳаи туризм дар кишвар мусоидат карда, меҳмонону сайёҳонро бо алоқаи босифат таъмин менамояд. Бо баргузории ин гуна чорабиниҳо таваҷҷуҳ нисбати кишвари мо боз ҳам меафзояд. Хоҳони онам, ки тоҷирони давлатҳои хориҷа ба кишвари мо ҷиҳати иштирок дар вохӯриҳо ва конфронсҳое, ки бо ташаббуси МегаФон баргузор мешаванд, ташриф оваранд»- мегӯяд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода.