МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон истгоҳҳои автобусҳоро “рақамӣ” намуд

Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон истгоҳҳои автобусҳоро “рақамӣ” намуд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба муштариён имконияти иловагиро барои ҳалли масъалаҳои “мобилӣ” пешниҳод намуд. Ду идораи “Биё” дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ҷой гирифтаанд.

 

“Мо ҳамеша ба он кӯшиш мекардем, ки муштариён хизматгузории босифатро осон ва зуд, дар маконҳои барои худ қулай дастрас карда тавонанд. Истгоҳҳои рақамӣ – як иқдоми нав дар ин самт маҳсуб меёбад. Акнун пайвастшавӣ ба тарофаҳои маъмули “Биё!”, пуркунии тавозун ё харидории лавозимоти зарурӣ ҳангоми интизори автобус будан низ имконпазир аст”, - изҳор медорад директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

 

Истгоҳҳои якуми рақамии МегаФон дар ноҳияи И.Сомонӣ, дар маконҳои серодаме, ки аз он доимо ҳазорҳо муштариёни оператор мегузаранд, ҷой гирифтаанд. Яке аз чунин истгоҳҳо дар назди Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷойгир буда, истгоҳи дигар – дар худи марказ, рӯ ба рӯи бинои Фурӯшгоҳи марказӣ ҷойгир шудааст.

 

Истгоҳҳои рақамишудаи “Биё!” муштариёни операторро дар хиёбони Рӯдакӣ, 128 (истгоҳи “Донишгоҳи тиббӣ”) ва хиёбони Рӯдакӣ 82 (истгоҳи Фурӯшгоҳи марказӣ) интизоранд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2