МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон Фестивали ғизо ва мусиқиро бо хизматрасониҳои рақамии худ пурра намуд

Время чтения: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон Фестивали ғизо ва мусиқиро бо хизматрасониҳои рақамии худ пурра намуд

Рӯзҳои гузаштаи истироҳатӣ дар ипподроми “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт Фестивали ғизо ва мусиқӣ доир гардид. Яке аз майдонҳои маъруфтарин аз ҷониби шарики фестивал – ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил карда шуд. Дар ин ҷой меҳмонон на танҳо имконияти истироҳату дилхушӣ кардан доштанд, балки инчунин тавонистанд аз дастрасии озоди Wi-Fi истифода намуда, бо хизматрасониҳои муосири рақамӣ шиносоӣ пайдо кунанд ва соҳиби рақамҳои “тиллоӣ” гарданд.

 

Пешопеши фестивал МегаФон Тоҷикистон ба сокинони Душанбе дар дастраскунии билетҳои чорабинии ғизо ва мусиқӣ бо тахфифи муайян кӯмак намуд. Ҳангоми дастраскунии билетҳо ба воситаи “Ҳамён”-и замимаи мобилии “МегаФон Life” арзиши онҳо 15% арзонтар буд. Боиси тааҷҷуб нест, ки дар рӯзҳои фестивал теъдоди истифодабарандагони замима афзоиш ёфта, онро зиёда аз 2 500 нафар боргирӣ намуданд. Ба ғайр аз ин, 100% харидорон билетҳоро бо ёрии рамзи QR дастрас карданд. Боз 20 билети дигарро МегаФон Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бурд намуда, ба сокинони некбахти Душанбе онҳоро тақдим намуд. Вале бо ҳамаи ин оператори имкониятҳои нави рақамӣ доираи амалҳои худро маҳдуд накард.

“Мақсади мо – ҳамеша дар паҳлӯи муштариён будан, дар ҳалли вазифаҳои ҳаррӯза ба онҳо кӯмак намудан мебошад. Фестивали мазкур низ истисно нест. Ба шарофати Wi-Fi-и мо меҳмонони чорабинӣ имкон доштанд, ки ройгон аз хизматрасониҳои интернет истифода намуда, аксҳои худро дар шабакаҳо гузоранд ва таассуроти барҷастаи худро ба дигарон расонанд. Ва онҳо бо камоли хурсандӣ аз имкониятҳои мазкур истифода мебурданд: агар вақтеро, ки меҳмонони минтақаи Wi-Fi гузарониданд, ҷамъ намоем, ду моҳ ҳосил мешавад!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Илова ба барномаи умумии фестивал оператор минтақаи футбол ва бозиро ташкил кард, ки дар он ба сифати туҳфаҳо мегабайтҳои трафики мобилӣ бурд карда мешуданд. Дар наздикии он имконияти аз мушовирони ширкат пурсидани маълумот оид ба хизматрасониҳои рақамии ширкат ва гирифтани акси хотирмон, ва инчунин имкони баромадкунӣ дар саҳна ба мисли ситора фароҳам оварда шуда буд. МегаФон Тоҷикистон зиёфат низ омода карда, фестивалро бо кулчақандҳои ширин таъмин намуд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2