МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон дар Гулистон толори навро ифтитоҳ намуд

Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон дар Гулистон толори навро ифтитоҳ намуд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд толори нави фирмавиро ифтитоҳ намуд. Толор дар суроғаи: кӯчаи Истиқлол 18 ҷойгир мебошад. Вақти корӣ – ҳаррӯза аз соати 8:00 то 18:00.

 

Дар толори ифтитоҳёфта муштариёни оператор имкон доранд, ки аз маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои алоқаи кандуӣ бархӯрдор бошанд: ба шабака пайваст шаванд, тарофаро иваз кунанд, хизматрасониҳои иловагӣ ва интернети мобилиро ба кор дароранд, SIM-корти худро иваз намоянд, пардохти ҳаққи хизматрасониҳоро бидуни комиссия анҷом диҳанд, машваратҳои муфассал гиранд ва бисёр корҳои дигарро ба амал бароранд. Мушовирон аз омӯзиши махсус гузашта, ба мизоҷон дар бобати масъалаҳои мухталиф ҷавобҳои мушаххас медиҳанд. Ҷиҳати дигари муҳим ин аст, ки дар толорҳои фирмавӣ муштариёни операторони дигари кандуӣ низ ҳисоби худро пур карда метавонанд.

 

Мутахассисони нуқтаҳои фурӯш инчунин метавонанд дар телефонҳои муштариён замимаи қулайи “MegaFon Life”-ро ба кор дароранд. Бо ёрии он суғдиён метавонанд барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои алоқа, харидҳо дар мағозаҳо ё ҳисобҳои хизматрасониҳои ХМК аз имкониятҳои ҳамёни мобилӣ истифода намоянд.

 

“Муддати зиёд аст, ки мо системаҳои худхизматрасониро барои боз ҳам қулай гардонидани шароитҳои муштариён инкишоф медиҳем, лекин толорҳои анъанавӣ ҳоло ҳам воситаҳои маъмулӣ ба шумор мераванд. Ҷойи тааҷҷуб нест, зеро мо пайваста кӯшиш мекунем, ки ба стандартҳои баландтарин мувофиқат карда, хизматгузории беҳтарини мизоҷонро ба роҳ монем, - қайд карда мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ. – Мо ҳама ҷанбаъҳоро пурра ба инобат мегирем, то ки истифодаи хизматрасониҳои ширкати мо то ҳадди имкон қулай гардад, то ки пас аз ташрифи нахустини худ ба толори фирмавии мо муштарӣ хоҳиши боз ба он баргаштанро дошта бошад!”


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2