МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон шабакаро ба манфиати муштариёни худ муосир мекунонад

Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон шабакаро ба манфиати муштариёни худ муосир мекунонад

Ширкати МегаФон Тоҷикистон лоиҳаи бомиқёси техникии худро идома медиҳад, дар натиҷаи амалишавии он сифати алоқа пайваста беҳтар гардида, суръатҳои интернети мобилӣ низ нисбатан боло мераванд. Зимни корҳо оператор фрагментҳои нави шабакаи 4G-ро дар як қатор ноҳияҳои кишвар ба кор даровард. Дар он ҷойҳое, ки истгоҳҳои базавии насли чорум қаблан корандозӣ шуда буданд, минтақаи фарогирӣ васеъ карда шуда, қобилияти рухсатии шабака низ беҳтар шудааст.   

 

Дар анҷоми тобистон – оғози тирамоҳ интернети босуръати мобилии оператор ба муштариёни ноҳияҳои Фархор, Восеъи вилояти Хатлон ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дастрас гардид. Ҳудуди фарогирӣ дар ҳама шаҳрҳо ва марказҳои ноҳиявие, ки дар онҳо шабакаи 4G фаъолият менамояд, васеъ карда шуд. Дар натиҷа, садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон ба интернети мобилӣ, ки суръати он то 50 Мбит/с. мерасад, дастрасӣ пайдо карданд.

 

“Корандозии ин миқдор таҷҳизоти нав ҳамеша чандон осон нест. Гап сари он аст, ки истгоҳҳои базавии 4G ба шабакаҳои амалкунандаи насли дуюм ва сеюми алоқа “мутобиқ карда мешаванд”. Дар ин ҳолат на танҳо насб кардани онҳо амали зарурӣ ба шумор меравад, зеро дар баробари ин, инчунин бояд фаъолияти якҷояи ҳама сатҳҳо таъмин карда шавад. Барои ин таъминоти барномавӣ низ бояд нав карда шавад. Бинобар сабаби мазкур дар рӯзҳои гузаронида шудани корҳои фаъол муштариён ноустувории сифати алоқаро мушоҳида мекарданд. Лекин натиҷаи корҳои анҷомёфта ҳатто истифодабарандагони серталабро хушҳол хоҳад кард”, - изҳор дошт директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил АГЛЯМОВ.

 

Тавре дар ширкат қайд менамоянд, истгоҳҳои нави 4G ҳарчӣ бештар дар ноҳияҳо насб карда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки сокинони маҳаллӣ маҳз бо хизматрасониҳои рақамие, ки сокинони шаҳрҳои калон аз онҳо бархӯрдор мебошанд, таъмин карда шаванд. Ба минтақаи фарогирии 4G қишлоқҳои хурд низ, ки дар наздикии марказҳои ноҳиявӣ ҷойгир мебошанд, дохил мешаванд. Васеъшавии ҳудуди фарогирии шабака аз он ҷиҳат муфид аст, ки аз имкониятҳои интернет бо суръатҳои баробари баланд қариб ҳама соҳибони смартфонҳо метавонанд истифода намоянд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2