МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон ба донишҷӯён тарофаро бо ними арзиш пешниҳод менамояд

80 просмотров
Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон ба донишҷӯён тарофаро бо ними арзиш пешниҳод менамояд

Дар рӯзи байналмилалии донишҷӯён ширкати “МегаФон Тоҷикистон” қарор кард муштариёни ҷавони худро бо шартҳои махсуси пайвастшавӣ ба шабака хурсанд намояд. Мизоҷоне, ки хоҳиши дастраскунии рақами зебои зуд ба хотир гирифташавандаро доранд, ҳангоми фармоиши SIM-корт бо бастаи пайвастшуда аз силсилаи “Биё! 2020” тахфифи 50%-аро барои як моҳи истифодаи тарофа ба даст меоранд.

“Ҷавонон хизматрасониҳои муосири рақамиро нисбатан фаъол истифода мебаранд ва дар баробари ин роҳҳои сарфакориро меҷӯянд. Мо қарор кардем, барояшон кӯмак кунем, то ки онҳо маблағро камтар сарф намоянд ва тахфифҳоро барои тарофаҳои маъруф пешбинӣ кардем. Дар баробари тахфиф инчунин имконияти соҳибшавӣ ба рақами “зӯр” мавҷуд аст, ки он ҳатман аз ҷониби ҳамаи дӯстони муштариёни мо баланд арзёбӣ хоҳад шуд. Ба ғайр аз ин, ба муштариён туҳфаҳои дилхоҳи хотиравӣ ҳадя карда мешаванд!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Дастраскунии рақами зебо бо тахфиф барои бастаҳои “Фаъол бош”, “Бубин” ё “Бемаҳдуд бош” аз силсилаи тарофаҳои “Биё! 2020” то охири сол имконпазир аст. Иштирок дар иқдом имкон медиҳад, ки дар моҳи нахустини истифодабарии SIM-корт аз ҳисоби пардохти абонентӣ аз 49,50 то 149,5 сомонӣ маблағ сарфа карда шавад.

Барои иштирок дар иқдом воридшавӣ ба мағозаи интернетии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо суроғаи https://shop.megafon.tj/ [ https://shop.megafon.tj/ ] ва фармоиш додани рақами дилхоҳ зарур меояд. Инчунин масъалаи мазкурро метавон дар идораи хизматрасонии наздиктарини оператор ҳал намуд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2