МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон трафики интернетро ба ҳозирҷавобон пешниҳод менамояд

Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон трафики интернетро ба  ҳозирҷавобон  пешниҳод менамояд

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба муштариён тарзи нави вақтгузаронии ҷолиб ва муфидро пешниҳод намуд.   Мизоҷони ширкат дар викторинаи «Онлайн Эрудит» иштирок карда, барои ҳар як ҷавоби дуруст соҳиби 50 Мб мешаванд. Ба пешсафон аз рӯи натиҷаҳои рӯз ва моҳ боз трафики иловагӣ ҳамроҳ карда мешавад.   Арзиши иштирок дар викторина – 1 сомонӣ дар як шабонарӯз.

Муштарии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон», ки иштирокчии викторина шудааст, дар як рӯз се савол мегирад. Ҳар як ҷавоби дуруст 50 МБ медиҳад. Ҳамаи натиҷаҳои ҳозирҷавобон ҷамъбаст ва ба рейтинги умумӣ илова карда мешаванд. Ҳар рӯз 100 нафар иштирокчиёни беҳтарин, ки миқдори зиёдтарини холҳоро ба даст оварданд, боз  500 МБ иловагӣ мегиранд. "Сад иштирокчии беҳтарини моҳ" – ҳар яке 5000 МБ-ро соҳиб мешаванд.

«Викторинаи нави мо ду бартарии калон дорад. Аввалан, иштирокчиён метавонанд ҳаҷми зиёди трафикро ба даст оранд, ки арзиши он нисбат ба пайвасткунии бастаҳои асосии Интернет якчанд маротиба пасттар аст. Ва дуввум, викторина ба шумо имкон медиҳад, ки дониши худро санҷед, ягон чизи нав омӯзед, яъне вақти худро ҷолиб ва боманфиат гузаронед», – иброз дошт директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Барои иштирокчии викторинаи «Онлайн Эрудит» шудан, муштарӣ бояд USSD-дархости запрос *6200#-ро рақамчинӣ намояд. Барои баромадан ва қатъ кардани хизматрасонӣ бояд *6200*0#-ро рақамчинӣ кард. Арзиши хизматрасонӣ – 1,00 сомонӣ дар як шабонарӯз бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ. Ҳамаи бурдҳо ба рақами муштарӣ баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои рӯз ва моҳ пайваст карда мешаванд. Викторина бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2