МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон доир ба роҳҳои бавуҷудоварии замимаи маъруфи мобилӣ маълумот расонид

Время чтения: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон доир ба роҳҳои бавуҷудоварии замимаи маъруфи мобилӣ маълумот расонид

Дар рафти лоиҳаи “МегаФон дар пахши мустақим” кормандони ширкат хеле зиёд дар бораи лайфхакҳои муҳим маълумот дода, ба ҷавононе, ки дар фикри интихоби касб ҳастанд, маслиҳатҳо медиҳанд. Пахши мустақим бо менеҷери пешбар оид ба хизматрасониҳои рақамӣ Шӯҳрат Раҳимов имкон дод, ки ду мақсад амалӣ карда шавад: шунавандагон дар бораи он, ки мутахассисон бо чӣ воситаҳо замимаҳои беҳтарини мобилиро омода месозанд, маълумот пайдо карда, бо яке аз чунин замимаҳо – “МегаФон Life” шинос гардиданд.

Барномаҳо ва замимаҳои нав барои смартфонҳо қариб ҳаррӯза пайдо мешаванд. Баҳри нигоҳ доштани мақоми худ дар чунин вазъият таҳиякунандагонро зарур меояд, ки як қатор қоидаҳоро риоя намоянд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Раҳимов кор дар ин самт бояд аз ном оғоз ёбад – он бояд кӯтоҳ, ғайриоддӣ ва ҳамзамон фаҳмо бошад. Замима бояд ба таври зебо оро дода шуда, ба он маълумоти кӯтоҳи тавсифӣ бо забони фаҳмо дохил карда шавад, то истифодабаранда фаҳмида тавонад, ки ба воситаи ин моли нав кадом мушкилиҳои худро метавонад ҳал намояд. Ҳамин тариқ, яке аз воситаҳои босамар – ҷалби блогерҳои маъруф ба ҳисоб меравад. Лекин дар баробари ин худи маҳсулот, албатта, бояд ҷолиби диққат ва ба таблиғнамоӣ сазовор бошад. Замимаи “МегаФон Life”, ки ба инкишофи он Шӯҳрат машғул аст, маҳз аз қатори чунин замимаҳост.

“Замимаи мо имкониятҳои паёмрасон, “Ҳамён” ва ҳуҷраи шахсиро муттаҳид мекунад. Ин маҷмӯи хеле қулай аст, барои ҳамин худи ман бо дӯстонам қариб ҳаррӯза аз “МегаФон Life” кор мегирем. Масалан, истифодаи замима хеле муфид буда, бо ёрии он метавон ҳангоми қарор доштан берун аз ҳудуди Тоҷикистон зангҳоро анҷом дод – ин имконият аз роуминги муқаррарӣ хеле арзонтар мебарояд. Худи пешбарии чунин маҳсулот гуворост! Айни замон мо роҳандозии намунаи нави МегаФон Life-ро ба нақша гирифтаем ва дар ояндаи наздик замимаи навкардашуда ба истифодабарандагони Play Market ва App Store дастрас хоҳад шуд. Дизайни он тағйир ёфта, интерфейс боз ҳам қулай мешавад”, - мегӯяд Шӯҳрат РАҲИМОВ.

Дар пахши мустақим сифатҳое, ки бояд хоси корманди таҳиякунандаи хизматрасониҳои рақамӣ бошанд, дида баромада шуданд. Тавре Шӯҳрат иброз дошт, ба чунин мутахассис, дар навбати аввал, мафкураи таҳлилӣ, қобилияти дарки талаботи истифодабарандагон зарур меояд – маҳз дар ҳамин ҳолат натиҷа ба талаботи бозор ҷавобгӯ хоҳад буд. Аз тарафи дигар ба таври дақиқ гузоштани вазифаҳо дар назди дизайнерҳо, кормандони соҳаи реклама ва шахсони дигари ба амалисозии лоиҳа ҷалбгардида низ аз аҳамият холӣ нест.

“Илова менамоям, ки баҳри таъмини кори бомуваффақият доштани назари эҷодию ғайристандартӣ нисбати баъзе ҷизҳо ва қобилияти пайдо ва қабул намудани маҳсулоти нав зарур меояд. Ҷавонони муосир маҳз ҳамин сифатҳоро доро мебошанд, барои ҳамин МегаФон Тоҷикистон бо мароқи хоса ба донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоӣ донишҳои худро мерасонад ва ҳаваси онҳоро нисбати соҳаи алоқа бедор менамояд. Сафи кормандони моро маҳз ҷавонони боистеъдод пурра намуда, маҳз онҳо дар ташаккули маҳсулоти маъруф – масалан, ҳамон замимаҳои нодири мобилӣ мусоидат мекунанд”, - дар ҷамъбасти пахши мустақим изҳор дошт директор оид ба ҳайати кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анна ЖДАНОВА.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2