МегаФон Таджикистан

МегаФон Таджикистан дар Бӯстон эко-толори нав ифтитоҳ намуд

23 просмотра
Время чтения: 1 мин
МегаФон Таджикистан дар Бӯстон эко-толори нав ифтитоҳ намуд

Дар шаҳри Бӯстон толори нави фирмавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ифтитоҳ ёфт. Он меҳмононро дар суроғаи: кӯчаи Рӯдакӣ 18 интизор аст.

Эко-толорҳои МегаФон роҳи худро дар самти расонидани хизматҳои баландсифат, лекин аллакай дар сатҳи нав идома медиҳанд. Ғамхорӣ нисбати мизоҷон на танҳо дар худи хизматрасонӣ, балки инчунин дар маводҳое, ки барои ороиши ҳуҷра истифода шудаанд, зоҳир мегардад: онҳо воқеан дар шакли “эко” буда, барои саломатӣ комилан бехатаранд.

Вобаста ба доираи хизматрасониҳое, ки дар эко-толорҳо барои мизоҷон дастрас аст, метавон гуфт, ки он ниҳоят васеъ аст. Ин ҷой метавон ба шабакаи оператор пайваст шуд, лавозимотро барои дастгоҳҳои мобилии худ интихоб намуд, бо ёрии мушовирон тарофаи нави “Аз ту оғоз мегардад” ва замимаи “МегаФон Life”-ро барои зангҳои муфид ё идоракунии маблағҳои худ тариқи “Ҳамён”-и электронӣ пайваст намуд ва инчунин бисёр амалҳои дигарро анҷом дод.

“Бо васеъкунии шабакаи эко-толорҳо мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як муштариро бо хизматрасонии қулай таъмин намоем. Танҳо ҳузур доштан дар толорҳои дорои дизайни ғайриоддӣ ва навшуда хеле гуворост. Лекин аз ҳама муҳим ҳамагӣ дар якчанд дақиқа ин ҷой дилхоҳ масъалаҳои марбут ба алоқа ҳал карда мешаванд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2