МегаФон Таджикистан

Алоқа бо нархи 50 сомонӣ: МегаФон Тоҷикистон иқдомро барои донишҷӯён роҳандозӣ менамояд

Алоқа бо нархи 50 сомонӣ: МегаФон Тоҷикистон иқдомро барои донишҷӯён  роҳандозӣ менамояд

Дар остонаи  соли нави таҳсил, ширкати “МегаФон Тоҷикистон”  иқдоми  муфидро дар  доираи  тарофаи «Биё! Бисоз 2.0»   барои ҷавонони аз 16 то  24 сола  роҳандозӣ  намудааст. Иштирокчиёни он имконият доранд, ки  муддати шаш моҳ аз алоқа бо шартҳои  махсусан мусоид,  бо нархи 50 сомонӣ дар як моҳ, истифода баранд. Пайвастшавӣ танҳо ба  муштариёни нави МегаФон Тоҷикистон дастрас мебошад.       

Иқдоми «Донишҷӯ» – ин  бастаи  хизматрасониҳои барои ҷавонон муносиб буда, он иборат аст аз:

- 36 Гб трафики интернет;

- зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабакаи  «МегаФон Тоҷикистон»;

- 500 дақиқаи зангҳо ба дигар шабакаҳо дар ҶТ;

- интернети бемаҳдуди шабона аз соати 00:00 то 06:59 бе маҳдудияти  суръат ва трафик;

- онлайн-кинотеатрҳои IVI ва OILA TV.

Чунин ҳаҷми  хизматрасониҳо имкон медиҳад, ки   донишҷӯён  ба  дарсҳо тайёр шаванд,  бо аҳли хонаводаашон дар тамос бошанд  ва бо дӯстон тавассути  шабакаҳои иҷтимоӣ, бе  нигаронӣ аз сарфи  хизматрасониҳои алоқа,  муошират намоянд.

То 31 октябри соли 2026, дохилан,  дар дилхоҳ идораи фурӯш  ва  хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”  иштирокчии  иқдоми "Донишҷӯ" шудан мумкин аст.  Барои тасдиқи синну сол  ва имзокунии шартнома,   бояд бо худ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дошта бошед.

Алоқаи  муфид барои ҷавонон!

Иқдоми  «Донишҷӯ» –  ин тарофаи    «Биё! Бисоз 2.0» бо нархи   177,50 сомонӣ дар як моҳ,  бо тахфифи  72% барои  шаш  моҳи  пардохти абонентӣ,   мебошад.  Аз моҳи  ҳафтум  пардохти абонентӣ  дар ҳаҷми пурра   гирифта мешавад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2