Занг аз ту оғоз меёбад
Бисёри мо ҳатто пай намебарем, ки ҳангоми шуморагирии рақами телефони наздикону дӯстон чӣ ҳодиса ба амал меояд. Чӣ тавр алоқаи мобилӣ инсонро дар кӯҳҳо ё деҳаҳои дурдаст ё ҳангоми қарор доштани ҳамсӯҳбат дар қисми дигари кишвар “пайдо менамояд”? Якчанд сония пеш аз шунидани “алло” дар телефон чӣ ҳодиса ба вуқуъ мепайвандад?
Қисми зиёди ҳудуди аҳолинишини кишвар бо алоқаи мобилии тавассути истгоҳҳои базавӣ (ИБ)-и “МегаФон Тоҷикистон” таъминшаванда фаро гирифта шудааст. Ширкат нисбати ҳар як муштарии худ ғамхорӣ зоҳир мекунад, барои ҳамин ИБ-и моро Шумо метавонед на танҳо дар шаҳрҳо, балки инчунин дар ҷамоатҳо, нақбҳо ва минтақаҳои туристӣ, шоҳроҳҳои автомобилӣ ва чарогоҳҳо бубинед. Ҳамаи истгоҳҳои базавӣ ҳатто ҳангоми хизматрасонии танҳо як муштарӣ дар давоми 24 соати шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Дар қишлоқҷойҳо истгоҳҳои базавӣ намуди манораҳои сурху сафедро доранд, дар шаҳрҳо бошанд, онҳо дар бомҳои биноҳо насб карда шудаанд. Истгоҳ сигнали телефони мобилиро (дар фосилаи то 15 километр дар шароитҳои аёнии бевосита, дар шаҳру маҳалҳои кӯҳӣ бошад – вобаста ба релеф ва баландии иморатҳо) пайдо карда, сипас тавассути шабакаҳои махсуси ҷудогардида пайвастшавӣ сурат мегирад. Ин тақрибан чунин намуд дорад:
“Як истгоҳи базавӣ ба ҳисоби миёна 375 зангҳоро мавриди хизматрасонӣ қарор медиҳад. Тамоми шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ дар як дақиқа ба зиёда аз 160 000 муштариён хизмат мерасонад, - изҳор дошт роҳбари шуъбаи техникии Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Тоҳир ТАХТАЕВ. – Ба ғайр аз зангҳои овозӣ мо хизматрасонии таҳвили маълумотро пешниҳод менамоем, аз он зиёда аз 140 ҳазор муштариён истифода мебаранд. Инчунин дар давоми як дақиқа беш аз 3 500 SMS-паёмакҳо фиристода мешаванд. Рақамҳои зикршуда калонанд, вале иқтидори шабакаи мо қобил ба он аст, ки ду маротиба зиёдтар сарбории айни замон мавҷударо бардошт намояд”. “Алоқаи мобилӣ қисми ҷудонопазири ҳаёти ҳар як шахс гардидааст. Қаблан он барои бисёриҳо шукӯҳе ба шумор мерафт – ҳозир бошад зарурат аст. Бинобар ин шуъбаи техникии мо дар баробари истгоҳҳои базавӣ – 24 соат дар шабонарӯз, дар давоми ҳафтаи пурра фаъолият мебарад. Ин барои он зарур аст, то ки муштариёни мо ҳамеша дар шабака боқӣ монда, саривақт дилхоҳ масъалаҳоро тариқи телефон ҳал карда тавонанд ва ба якдигар хурсандӣ оваранд!” – мегӯяд роҳбари Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.