МегаФон Таджикистан

Ёвари Овозӣ: қулай, муосир, дар Telegram!

2 просмотра
Время чтения: 1 мин
Ёвари Овозӣ: қулай, муосир, дар Telegram!

Хизматрасонии нав барои муштариёни Ширкат – Ёвари Овозиро пешниҳод менамоем!

Ин чист?

Ёвари Овозӣ – ин хизматрасонии қулайест, ки барои қабули паёмакҳои овозӣ ва маълумот дар бораи зангҳои беҷавоб бевосита дар чат-боти Telegram имкон медиҳад.

Он аз кадом ҷиҳат нодир аст?

1. Шинохтани нутқ: Ёвар паёмакҳои овозии шуморо ба матн бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ бармегардонад.

2. Имконияти қулай: Шумо огоҳӣ оид ба зангҳои беҷавоб ва тавзеҳи матнии паёмакро дар Telegram қабул мекунед.

3. Бехатарӣ: Суроғаи чат-бот ба таври инфиродӣ ирсол гардида, муҳофизат карда шудааст. 

Он чӣ тавр кор мекунад?

1. Агар шумо ба муштарӣ занг зада натавонистед, Ёвари Овозӣ гузоштани паёмакро пешниҳод менамояд.

2. Шумо паёмаки овозиро сабт мекунед.

3. Ёвар забони паёмакро шинохта, онро ба матн бармегардонад.

4. Муштарӣ тавзеҳи матнӣ ва файли овозиро дар Telegram қабул мекунад. 

Чӣ тавр пайваст шудан мумкин аст?

Хизматрасониро тавассути дархости *5467# пайваст кардан мумкин аст. Ҳангоми пайвасткунӣ шумо SMS-ро бо маълумоти муфассал ва суроғаи чат-бот қабул мекунед.

Намунаи мазкури хизматрасонӣ комилан ройгон аст.

Чӣ тавр хомуш кардан мумкин аст?

Тавассути дархости *5467*0#.

Имкониятҳои иловагӣ:

Ёвари Овозии Premium: Хизматрасонии пулакиест, ки аз рӯи дархост дар Telegram пайваст карда мешавад. Он функсияҳои иловагиеро чун интихоби овоз, интихоби забон пешниҳод менамояд.

Намунаи пулакии хизматрасонӣ 5 TJS/ моҳ арзиш дорад. Онро тавассути чат-бот дар Telegram ва замимаи мобилии МегаФон Life пайваст ва қатъ кардан мумкин аст

∙Бехатарӣ: Суроғаи чат-бот ба таври инфиродӣ ирсол гардида, давраи муайяни фаъолият дорад ва пас аз воридшавӣ қатъ мегардад.

 

Ёвари Овозӣ – ин имконияти муосир барои муоширати муносиб!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2