МегаФон Таджикистан

Толорҳои фирмавии нави МегаФон Тоҷикистон – воситаҳои муосири хизматрасониҳои рақамӣ

60 просмотров
Время чтения: 2 мин
Толорҳои фирмавии нави МегаФон Тоҷикистон – воситаҳои муосири хизматрасониҳои рақамӣ

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон», баҳри таъмини хизматгузории бароҳат ба муштариёни худ, толорҳои фирмавии навро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - к. Меҳнат 49, ноҳияи Фирдавсӣ - к. Ҷомӣ 7/1 (46мкр), ноҳияи Сино – к. Ҷ. Расулов 57/1 (БДА) ифтитоҳ намудааст.  

 

Дар баробари муосиргардонии бомиқёси шабака, ширкат шабакаи толорҳои фирмавиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва НТМ фаъолона рушд медиҳад.

«Ҳамчун оператори имкониятҳои нави рақамӣ, мо хуб медонем, ки муштариёни мо барои беҳтаршавии сифати алоқа ва суръати интернет хеле манфиатдоранд. Аммо як ҷузъи муҳимтарини хизматрасонии муштариён, яъне сифати хизматрасонӣ, вуҷуд дорад. Бинобар ин, имрӯз мо фаъолона толорҳои фирмавиеро мекушоем, ки дар онҳо мизоҷони ширкат метавонанд ҷиҳати ҳалли мушкилоти худ кӯмак ва дастгирӣ пайдо намоянд. Пешниҳодҳои нави рақамӣ, ба монанди Якду, то ҳол ба мизоҷони мо ба таври кофӣ шинос нестанд. Дар толорҳои фирмавӣ муштариён метавонанд   оид ба истифодаи хизматрасонӣ ва вазифаҳое, ки он ҳал мекунад, аз мутахассис машварат гиранд. Воқеан, толорҳои фирмавӣ ба воситаҳои муосири ҷорикунии хизматрасониҳои инноватсионӣ табдил меёбанд», - нақл кард дар бораи рушди шабакаи хизматрасонӣ Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

 

Албатта, баҳри қулайгардонии имкониятҳои муштариён, толорҳои нав дар чорроҳаи пиёдагардон ва ҳаракати нақлиёт, дар ҷойҳои инфрасохтори рушдёфтаи шаҳрӣ кушода мешаванд.

Толор дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар паҳлӯи бозори Меҳргон ҷойгир аст, дар наздикии он таваққуфгоҳи микроавтобуси 12, мактаби №11, мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаи шабонарӯзӣ қарор доранд.  

 

Дар ноҳияи Фирдавсӣ толори фирмавии МегаФон дар паҳлӯи бозорҳои калони Ганҷина ва Саховат, дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва таваққуфгоҳе, ки аз он нақлиёти такси тариқи самтҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Бохтар ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳаракат мекунанд, ҷойгир шудааст. Дар наздикии он Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон (ДСХ) ҷойгир мебошанд. Яъне, ҷавонони донишҷӯ, ки омили татбиқи имкониятҳои рақамӣ дар ҳаёт маҳсуб меёбанд, дар дилхоҳ лаҳзаи муносиб машварати касбии мутахассиси ширкатро гирифта метавонанд. Баъдан онҳо ба хешовандону наздиконашон моҳияти имкониятҳо ва роҳҳои осони пардохти ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналиро, бидуни зарурати истодан дар навбат, мефаҳмонанд. Ин хизматрасонӣ барои муштариёни МегаФон, дар шароитҳои хона, дастрас аст.

 

Нишонии толори МегаФон дар ноҳияи Сино - Раёсати БДА, Талко мебошад. Дар наздикии он шумораи зиёди мағозаҳои ҷойгиранд. Ҳангоми рафтан барои харид, сокинони шаҳр метавонанд мушкилоти мобилии худро низ ҳал кунанд.  

 

Сифати баланди алоқа дар шабака ва хизматрасонии бароҳат – ҳадафҳое ҳастанд, ки МегаФон Тоҷикистон онҳоро тариқи муосиргардонии шабака ва ифтитоҳи толорҳои фирмавии нав пайгирӣ менамояд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2