Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» маълумоти муштариёнеро, ки дар Душанбе тарофаҳои маъмули силсилаи нави «Биё!» – «Гап зан» ва «Фаъол бош»-ро пайваст намудаанд, мавриди таҳлил қарор дод. Аз ҳама бештар онҳоро ҷавонони синнашон аз 18 то 25-сола интихоб менамоянд – намояндагони маҳз ҳамин синну сол ҳиссаи бештари истифодабарандагони интернети мобилӣ, ва инчунин шабакаҳои иҷтимоию мессенҷерҳои дар доираи силсилаи тарофаҳои бемаҳдудро ташкил медиҳанд.
Маълумот доир ба миқдори пайвастшавиҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки барои муштариёни муосири рақамӣ на он қадар нарх, балки хизматрасониҳои дохили тарофа аҳамият доранд. Аз ду бастаи маъмул “Фаъол бош” нисбатан пешсаф аст – сокинони пойтахти Тоҷикистон онро аз «Биё! Гап зан» ду маротиба зиёдтар пайваст менамоянд.
Тарофаи «Фаъол бош» 500 дақиқаи зангҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 Гб трафики интернет ва дастрасии бемаҳдудро ба чунин шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо, монанди Viber, WhatsApp, Facebook messenger, IMO, Facebook, Odnoklassniki, Vkontakte, Instagram ва Twitte бо пардохти абонентии баробар ба 99 сомонӣ дар як моҳ пешниҳод менамояд. Ба ҳиссаи ҷавонони аз 18 то 25 сола зиёда аз 60% рост омада наздики 30%-ро муштариёни аз 26 то 38 сола ташкил медиҳанд. 10%-и боқимонда бошад, аз намояндагони насли калонсол иборат аст.
Тарофаи «Гап зан» тавре аз номаш бармеояд, ба дӯстдорони муоширати овозӣ нигаронида шудааст. Бо арзиши 49 сомонӣ дар як моҳ 450 дақиқаи зангҳо дар ҶТ пешниҳод мегардад. Вале дар доираи он инчунин Viber ва WhatsApp-и бемаҳдуд ва 1 Гб трафики интернет барои манбаъҳои дигар дастрас аст. Барои ҳамин тарофаи мазкур ду категорияи синну сол – ҳам ҷавононеро, ки барои онҳо имкониятҳои интернетӣ аҳамияти бештар доранд, ҳам муштариёни аз 28 то 38 солаи фаъолона зангҳоро истифодабарандаро қариб баробар “тақсим намудааст”.
«Тарофаҳои «Биё!» барои муштариёни рақамӣ – истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ пешбинӣ гардида буданд. Бинобар ин боиси тааҷҷуб нест, ки онҳо махсусан миёни ҷавонон, ки бо майлу рағбат технологияҳои навро аз худ мекунанд, маъмулияти бештар доранд. Дар баробари ин, теъдоди нафарони калонсоле, ки барои худ имконияҳои Шабакаи ҷаҳониро кашф мекунанд, ҳамчунин рӯ ба афзоиш аст. Хурсандиовар аст, ки ба шарофати тарофаҳои мо онҳо воситаҳои нави муошират – ба монанди мессенҷерҳоро аз худ карда ба фазои ҷаҳонии иттилоотӣ “роҳхат” мегиранд. Силсилаи тарофаҳои мо васеъ аст, аз дохили он ҳар як муштарӣ метавонад мувофиқ ба мароқу талаботи шахсии худ тарофаеро интихоб намояд”, - қайд менамояд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.
Маълумоти нисбатан муфассалро оид ба тарофаҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» метавонед дар идораҳои хизматрасонӣ ё сомонаи www.megafon.tj [ http://www.megafon.tj/ ] дастрас намоед.