Асосгузори бренди ZHIWJ Нафиса Имронова дар намоишгоҳи байналмилалии “ART meets FASHION”, ки дар шаҳри Дубай (АМА) ҷараён дошт, иштирок намуд. Сафари дизайнери тоҷик ба шарофати дастгирии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” муяссар шуд.
Оператор баҳри таҳкими нуфуз ва баландбардории ҷаззобии туристии кишварамон корҳои зиёдро анҷом медиҳад. Ба дастгирии МегаФон одатан мутрибон, суратгирон, сайёҳоне, ки дар давлатҳои мухталифи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд ва доир ба фарҳангу анъанаҳои халқи мо маълумот медиҳанд, сазовор мегарданд. Бо дизайнер Нафиса Имронова МегаФон Тоҷикистон аллакай соли дуюм ҳамкорӣ дорад. Дар соли 2020 Нафиса имкон пайдо намуд, ки коллексияи худро дар Париж намоиш диҳад. Муваффақияти навбатӣ бошад, дар АМА ба даст оварда шуд.
“Барои Дубай ман коллексияи махсусро бо инъикоси зебоиҳои Тоҷикистон омода кардам: нақшу нигори миллӣ, услубҳои ба анҷоми миллии тоҷикона наздикро истифода намудам. Дар нуқтаи мо меҳмонон хеле зиёд буданд, барои ҳама аз кадом кишвар омадани мо ҷолиб буд. Дар фарҷоми намоишгоҳ бошад, харидорон ҳамаи он маҳсулотеро, ки ман ба Дубай оварда будам, дастраси худ карданд – барои на ҳама дизайнерҳо ноилшавӣ ба чунин натиҷа аз маротибаи якум даст медиҳад! Аз шавқу ҳавасе, ки одамони тамоми олам ҳангоми тамошои нақшу нигори тоҷикӣ зоҳир менамуданд, метавон боварӣ ҳосил намуд, ки мӯди мо мибаъд низ дар ҳудуди сайёра муваффақиятҳои беназирро ба даст хоҳад овард. Ташаккури зиёд ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои дастгирие, ки бе он ин муваффақият имконпазир намебуд!” – мегӯяд Нафиса ИМРОНОВА.
“Намоишгоҳи “ART meets FASHION” якбора якчанд ҳафтаи мӯд ва дизайнеронро аз кишварҳои мухталиф бо ҳам овард. Хеле хурсандиовар аст, ки маҳз коллексияи Нафиса диққати иштирокчиён – ҳам намояндагони касбии саноати мӯд ва ҳам харидорони оддиро ба худ ҷалб намуд. Мутмаинем, ки Нафиса ва, дар маҷмӯъ, мӯди тоҷик ояндаи бузург дорад. Ба дизайнеронамон муваффақиятҳои нав, ба шахсоне, ки сару либосро бо сабки миллӣ интихоб менамоянд, - шиносоии боз ҳам наздиктарро бо кишваре, ки рангҳои дурхашонаш дар намоишгоҳҳо баҳои баландро соҳиб мешаванд, таманно дорам!” – изҳор дошт директор оид ба робита бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Валентина БУТНИК.