МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда дар бозори телекоммуникатсионии кишвар технологияи VoLTE (Voice over LTE – «овоз дар шабакаи LTE»)-ро ҷорӣ менамояд. Ин воситаи технологӣ имкон медиҳад, ки даъватҳои овозӣ бе тарки шабакаи насли чорум анҷом дода шуда, ҳангоми зарурат ҳангоми занг инчунин интернети босуръати мобилӣ ба кор бурда шавад.
Яке аз ҷиҳатҳои мусбати VoLTE дар он аст, ки истифодаи ин технология зарфияти шабакаро ба таври назаррас васеъ менамояд. Дар доираи ҳамон миқдор пойгоҳҳои базавӣ дар қиёс ба шабакаи 3G аз хизматрасониҳои алоқа се маротиба зиёдтар муштариён истифода намуда метавонанд, бо вуҷуди ин сифати пайвастагиҳои овозӣ ва интернетӣ дар сатҳи то ҳадди имкон баланд хоҳад буд. Хусусиятҳои таҳвили садо тариқи VoLTE чунинанд, ки он тозатар гардида, ҳамсуҳбат сухани гӯяндаро, ки бо сифати HD садо медиҳад, беҳтар мешунавад.
“Мутмаинам, ки муштариёни мо имконияти истифодаи интернетро ҳангоми суҳбат барои навигатсия ё дидани аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд баҳогузорӣ мекунанд. Қаблан дар вақти занг дастгоҳи муштарӣ ба шабакаи овозии “3G” бармегашт, ки ин ба ғайбзании суръати интернет оварда мерасонид. Акнун бошад, ҳам трафики овозӣ, ҳам интернет дар як шабака пешниҳод мегарданд. Ин технология, ки дар ҷумҳурӣ бори нахуст татбиқ мешавад, ба аксари муштариёне, ки хизматрасонии интернети мобилиро истифода мебаранд, дастрас хоҳад буд”, - мегӯяд директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил АГЛЯМОВ.
Набудани зарурати гузариш аз як шабака ба шабакаи дигар ба суръат низ таъсир мерасонад – он баландтар мешавад. Сухан танҳо дар бораи як-се сония меравад, лекин вусъати суръати даъватҳо имкониятҳои муштариёнро қулайтар менамояд.
Барои истифодаи ҳамаи имконоти VoLTE дастгоҳ ва SIM-корте зарур меоянд, ки ин технологияро дастгирӣ менамоянд. Мутобиқати худи телефонро бо технологияи нав тариқи азназаргузаронии танзимоти смартфон ё тавсифоти хусусиятҳои техникии намуди дастгоҳ дар сомонаҳои истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони дастгоҳҳои мобилӣ метавон санҷид. Қариб ҳамаи смартфонҳое, ки баъди соли 2018 бароварда шудаанд, VoLTE-ро дастгирӣ мекунанд. Фаъолшавии хизматрасонӣ аз рӯйи сегментҳои шабака вобаста ба теъдоди истифодабарандагоне, ки дастгоҳҳои онҳо функсияи VolTE-ро дастгирӣ мекунанд, сурат мегирад.