МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон ва «Шаҳри ҳушманд» рақамикунонии шаҳри Душанберо вусъат медиҳанд

1
Время чтения: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон ва «Шаҳри ҳушманд» рақамикунонии шаҳри Душанберо вусъат медиҳанд

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ якҷоя бо шарикон рушди хизматрасониҳоро дар доираи лоиҳаи «MegaFon Green Wi-Fi» идома медиҳад. Дар автобусҳои Душанбе дастрасии озод ба Шабакаи ҷаҳонии Интернет аз ин ширкат пайдо шуд. 10 дақиқаи аввал аз Wi-Fi-и "сабз" ройгон истифода бурдан мумкин аст. Ба сифати шарики МегаФон - КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city) баромад.

 

«Рақамикунонӣ рӯз то рӯз ҳарчи бештар соҳаҳои ҳаётро, махсусан дар шаҳри Душанбе, фаро гирифта истодааст. Сокинони пойтахт ҳамеша ба интернет ниёз доранд. Бо мақсади амалисозии ин талабот, мо соли 2020 дар ҷойҳои дӯстдоштаи истироҳати сокинони Душанбе Wi-Fi-и озодро ташкил кардем. Акнун аз интернети баландсуръат дар боғҳои Кӯли Ҷавонон, ба номи Рӯдакӣ, С.Айнӣ, А.Дониш ва Фирдавсӣ, дар боғи шиноварии Кӯли Душанбе истифода бурдан мумкин аст. Дар аввали тобистони соли 2021 чунин имконият барои мусофирони автобусҳое, ки дар пойтахт ҳаракат мекунанд, пайдо гардид. Бо бастаҳои силсилаи «Green Wi-Fi», сафар дигар дилгиркунанда нахоҳад шуд: шумо метавонед китобҳоро дар Интернет хонед, ба дӯстон аксҳо фиристед ё масъалаҳои кориро ҳал кунед», – шарҳ медиҳад Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

 

Таъмини мусофирон бо Интернет ба шарофати ёддошти ҳамкорӣ, ки байни ширкати МегаФон ва КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» ба имзо расидааст, имконпазир гардид. Ҷорикунии Wi-Fi дар автобусҳо - аввалин лоиҳаи муштараки шарикон маҳсуб меёбад.

 

«Технологияҳои муосири рақамӣ ҳаёти моро бароҳаттар мекунанд. Ин дар бахши нақлиёт низ аён аст. Wi-Fi-и озод дар дохили автобус ба як амали маъмулӣ табдил ёфта истодааст. Бо шарофати шабакаи рушдёфтаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, сокинон ва меҳмонони Душанбе метавонанд дар тӯли тамоми хатсайр аз интернет истифода баранд. Зимнан, суръатҳои дастрасӣ, чуноне санҷишҳо нишон доданд, бетағйир баланд хоҳанд буд», – гуфт Директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Самадзод Саъдӣ.

 

«MegaFon Green Wi-Fi» бо чунин тарз кор мекунад: баъди гузаштани бақайдгирӣ (авторизатсия), муштарии дилхоҳ оператори алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияи Wi-Fi 10 дақиқаи интернети ройгон ба даст меорад. Агар ин муҳлат кофӣ набошад, пас бастаи пулакиро бо нархи имтиёзнок харидан мумкин аст.   10 дақиқаи иловагӣ - 1 сомонӣ, 30 дақиқа - 2 сомонӣ ва як соати интернет - 3 сомонӣ арзиш дорад.   Пайвасткунии бастаҳои пулакӣ дар вақти дилхоҳ бе маҳдудият дастрас мебошад. Барои харидани бастаҳои Wi-Fi Green, аз «Ҳамён» дар замимаи мобилии «МегаФон Life», корти бонкии «Корти милли» ё терминали пардохти хизматрасониҳо истифода бурдан мумкин аст.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2