МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон толори нави фирмавиро дар шаҳри Турсунзода ифтитоҳ намуд

47 просмотров
Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон толори нави фирмавиро дар шаҳри Турсунзода ифтитоҳ намуд

Нуқтаи нави хизматрасонии муштариён дар к. Ҳабиб Юсуфӣ 35 пайдо гардид. Ҷойгиршавӣ дар минтақаи сераҳолӣ боздиди ҳазорҳо мизоҷони операторро аз толор қулай мегардонад.

 

Макони нави толори нави фирмавӣ бо назардошти ҷойҳои асосии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарон интихоб карда шудааст. Дар наздикӣ – беморхонаи Қарияи Боло, мактаби №1 ва мағозаҳои сершумор ҷой гирифтаанд. Ба ғайр аз ин, рафта расидан ба толор осон аст – зеро чорсӯи нақлиёт ҳам дар наздикӣ қарор дорад. Чунин тарзи ҷойгиршавӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои мобилӣ “дар аснои роҳ” ҳал карда шуда, машваратҳои мутахассисон гиирфта шаванд.

 

“Кушодашавии толор дар назди беморхонаи мо – хабари хеле хуш аст! Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ин ҷой тавозуни худро пур кунанд ё дар хусуси пайвасткунии паёмрасонҳо барои анҷомдиҳии зангҳои видеоӣ машварат гиранд. Барои ҳайати кормандони беморхонаи мо низ имконият қулай аст – масъалаи марбут ба алоқаро метавон дар роҳи кор ё дар вақти танаффуси нисфирӯзӣ ҳал намуд”, - мегӯяд сардухтури беморхонаи Қарияи Боло Тоҷиддин ЯТИМОВ.

 

“Аз рӯйи ҳисобу китоби мо толор дастраси аз се як ҳиссаи аҳолии шаҳр мебошад. Ногуфта намонад, ки шаҳр аз рӯйи миқдори сокинон ҷойи шашумро ишғол мекунад. Дар баробари ин, муштариёнро ҳатто зарур намеояд, ки боздидро аз толор махсусан ба нақша гиранд: ба толор метавон сари қадам ҳангоми ҳалли тамоман масъалаҳои дигари ҳаётӣ ворид шуда, масъалаи худро ҳал намуд. Ҳамагӣ якчанд дақиқа – ва метавон аз пайи корҳои дигар шуд, масалан ба мағоза барои маҳсулот рафт”, - изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2