МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” суръати интернети мобилиро дар Истаравшан вусъат мебахшад

Время чтения: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” суръати интернети мобилиро дар Истаравшан вусъат мебахшад

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” инкишофи шабакаро тариқи вусъатбахшии суръати интернети мобилӣ дар вилояти Суғд идома медиҳад. Дар натиҷаи корҳои техникие, ки аз ҷониби оператор дар ноҳияи Истаравшан гузаронида шуданд, боз 150 000 сокинони минтақа ба интернети баландсуръат дастрасӣ пайдо намуданд.

 

Модернизатсияи бомиқёси шабака дар ҷамоатҳои Гули Сурх, Ниҷонӣ, Нофароҷ, Фрунзе, Зарҳалол ва шаҳри Истаравшан анҷом дода шуд. Васеъшавии қобилияти гузариши шабака имкон дод, ки на танҳо суръати интернети мобилӣ баланд карда шавад, балки инчунин ба васеъшавии минтақаи фарогирӣ баҳри дастрасии қулай ва босуръати муштариён ба Шабакаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд.

 

“Айни замон интернети босуръати мобилӣ – хизматрасонии ниёзи аввалия ба ҳисоб меравад. Он барои сокинони ноҳияҳои дурдаст яке аз воситаҳои асосии алоқа бо ҷаҳон мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб мо шабакаро на танҳо дар шаҳрҳо, балки инчунин дар нуқтаҳои хурди аҳолинишин низ инкишоф медиҳем, то ки муштариёни мо барои дастраскунии маълумот имкониятҳои баробарро доро бошанд!, - мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2