МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон суръати боз чор ҷамоати Хатлонро вусъат бахшид

68 просмотров
Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон суръати боз чор ҷамоати Хатлонро вусъат бахшид

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ пойгоҳҳои базавии насли чорумро якбора дар якчанд ноҳияҳои вилояти Хатлон ба кор даровард. Дастрасӣ ба интернети босуръати мобилиро бори нахуст сокинони ҷамоатҳои И.Ниёзов ва Носири Хисрави ноҳияи Қабодиён, Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун ва инчунин ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Бохтар пайдо намуданд.

Инкишофи шабака – ҷавоби оператор ба афзоиши теъдоди муштариёни рақамӣ, яъне истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ маҳсуб меёбад. Ҳарчӣ бештар сокинони шаҳрҳо ва нуқтаҳои хурди аҳолинишини Хатлон барои ҷустуҷӯи маълумот, кор, гирифтани таълим аз Шабакаи ҷаҳонӣ истифода менамоянд. МегаФон Тоҷикистон тариқи ба кор даровардани пойгоҳҳои насли чорум онҳоро бо суръатҳои қулайи интернет таъмин мекунад.

“Мо ниёзи воқеиро ба суръатҳои баланди дастрасӣ мушоҳида менамоем, барои ҳамин бунёди шабакаи насли чорум дар тамоми навоҳии Хатлон лоиҳаи афзалиятноки инвеститсионии МегаФон ба ҳисоб меравад. Дар ҳоли имрӯз 4G – на танҳо яке аз технологияҳои нисбатан босуръат, балки инчунин технологияи аз ҳама дастрас мебошад: қариб дар ҳамаи смартфонҳо айни замон 4G фаъол аст. Бинобар ин, баъди ба кор даровардани пойгоҳҳои нав бисёри муштариёнро ҳатто зарур намеояд, ки телефонро иваз намоянд, зеро дастгоҳҳои онҳо “бо нерӯи пурра” фаъолият хоҳанд кард”, - изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

Шабакаи насли чорум, ки суръати интернет дар доираи он аз имкониятҳои шабакаи 3G то даҳ маротиба баландтар мебошад, инчунин дар ноҳияҳое инкишоф меёбад, ки пойгоҳҳои 4G дар онҳо қаблан аз ҷониби МегаФон ба кор дароварда шуда буданд – масалан, дар Бохтар. Таҷҳизоти иловагии 4G имкон медиҳад, ки теъдоди муштариёни ҳамзамон ба Шабака воридшаванда ва инчунин ҳиссаи пайвастшавиҳои бомуваффақияти овозӣ ва интернетӣ зиёд карда шавад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2