МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон силсилаи «ҷашнии» тарофаҳои «Аз ту оғоз мегардад»-ро роҳандозӣ менамояд

8 просмотров
Время чтения: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон силсилаи «ҷашнии» тарофаҳои «Аз ту оғоз мегардад»-ро роҳандозӣ менамояд

«МегаФон Тоҷикистон» ба муносибати 20-умин солгарди худ ба муштариёнаш силсилаи нави тарофаҳои «Аз ту оғоз мегардад»-ро пешниҳод кард. Силсилаи нави тарофаҳо, ки дар бозори телекоммуникатсионии кишвар аз ҷиҳати таносуби нарх ва ҳаҷми трафики интернети ба бастаҳои хизматрасониҳо дохилшуда ҳамто надорад - туҳфаи оператор барои тамоми истифодабарандагони интернет дар кишвар мебошад.

Беҳуда нест, ки силсилаи нав "Аз ту оғоз мегардад" ном дорад. Тарофа талаботи мизоҷонеро, ки интернети мобилиро бошуурона ва мунтазам истифода мебаранд, дар бар мегирад. Силсилаи тарофавӣ аз чор тарофаи асосӣ: «МегаФон 50», «МегаФон 100», «МегаФон 150» ва «МегаФон 200» иборат аст.   Рақамҳо дар номҳои тарофаҳо арзиши онҳоро инъикос мекунанд. Ҳамин тариқ, арзиши тарофаи «МегаФон 50», ки дар силсила пасттарин мебошад, дар як моҳ 50 сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ба он 10 ГБ трафики интернет ва маҷмӯи паёмрасонҳои бемаҳдуди: «Viber», «WhatsApp», «MegaFon Life» ва «Facebook messenger» дохил мебошанд. Дар тарофаи «МегаФон 100» - муштарӣ аллакай бо арзиши 100 сомонӣ 20 ГБ трафики интернет, паёмрасонҳои бемаҳдуди: "Viber", "WhatsApp", "MegaFon Life", "IMO", "Telegram", "Facebook messenger", инчунин шабакаҳои бемаҳдуди иҷтимоии: «Facebook», «Odnoklassniki», «Vkontakte», «Instagram», «Twitter» ва ғайра ба даст меорад. Даъватҳои овозӣ дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» барои тамоми силсила бемаҳдуд мебошанд.

«20 сол барои як ширкате, ки дар бозори босуръат тағйирёбандаи алоқа фаъолият мекунад, муддати тӯлонист. Дар тӯли ду даҳсола мо тавонистем мавқеи худро на танҳо нигоҳ дорем, балки мустаҳкам намоем. Ва муштариёни мо, ки тамоми ин солҳо моро дастгирӣ мекарданд, дар ин кор кӯмак намуданд. Ба муносибати солгард, мо тасмим гирифтем, ки ба онҳо тариқи таҳияи тарофаҳо бо хизматрасониҳои мубрамтарин ва нархҳои муфидтарин туҳфаҳо омода кунем. Танҳо бо муқоисаи шартҳои тарофаҳои нав бо дилхоҳ пешниҳодоти дигар дар бозори телекоммуникатсионӣ маълум мешавад, ки ин силсила воқеан нодир аст. Холо ки пайвастшавӣ ба тарофаҳои “ҷашнии” мо оғоз ёфтааст, истифодаи имкониятҳои нави интернетиро тавсия медиҳам!» – иброз намуд Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Бо тавсифи пурраи тарофаҳо дар сомонаи оператор megafon.tj [ https://www.megafon.tj/ ]    шинос шудан мумкин аст.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2