МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон шабакаро барои тарофаҳои нав омода менамояд

59 просмотров
Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон шабакаро барои тарофаҳои нав омода менамояд

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» навгардонии (модернизатсияи) шабакаро ба манфиати муштариёни худ идома медиҳад. Танҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе дар ҳафт моҳи соли 2021, оператор беш аз 60 пойгоҳи нави базавиро ба кор даровард, ки аксари онҳо стандарти 4G-ро дастрас менамоянд. Таҷҳизот ва таъминоти барномавӣ дар "пойгоҳҳо"-и қаблан насбгардида нав карда шуд. Ҳамаи ин барои тадриҷан зиёд шудани суръати дастрасии мобилӣ ва қобилияти гузаришии шабака имконият фароҳам овард.   

 

«Сифати баланди дастрасӣ ба интернет - яке аз талаботи асосии муштариёни рақамии муосир маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мо асосан пойгоҳҳои «босуръат»-и насли чорумро насб менамоем. Даҳҳо майдонҳои нави 4G на танҳо барои истифодаи бароҳати хизматрасониҳои амалкунанда, балки барои роҳандозии тарофаҳо бо ҳаҷми зиёди трафики интернет низ имкон медиҳанд», – мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

 

Ба зумраи навгониҳои барои истифодабарандагони интернет пешниҳодшуда, тарофаи нави «Аз ту оғоз мегардад», ки бахшида ба 20-солагии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҷорӣ карда шудааст, дохил мешавад. Силсилаи «Ҷашнӣ» аз 10 то 30 Гб трафики интернетро дар бар гирифта, айни замон шабеҳи он аз рӯи таносуби нарх ва таркиби бастаҳо мавҷуд нест. Модернизатсияи азими шабака ба ҳамаи истифодабарандагон, новобаста аз теъдоди онҳо, барои истифодаи интернети мобилӣ дар ҳаҷми барояшон матлуб имконият медиҳад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2