МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон оид ба дурнамои “модернизатсияи муттасил” маълумот дод

54 просмотра
Время чтения: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон оид ба дурнамои “модернизатсияи муттасил” маълумот дод

Оператори имкониятҳои нави рақамӣ пайваста паҳнкунии маълумоти ҷолиби диққати сокинонро тариқи пахшҳои мустақим идома медиҳад. Роҳбари Хадамоти корбурди шабака Алиҷон Ғаниев ва намояндаи ширкат – истеҳсолкунандаи таҷҳизоти алоқа, роҳбари шуъба оид ба кор бо мизоҷони асосии ҶДММ “Хуавей Технологияҳои Тоҷикистон” Тимур Тахтаев меҳмонони барномаи индафъаина буданд. Мавзӯъҳои асосии мавриди матраҳ технологияҳои нав ва модернизатсияи шабакаи алоқа ба ҳисоб мерафтанд.

 

Алиҷон Ғаниев – дорандаи унвони “Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз иштирокчиёни асосии бакордарории нахустин шабакаи 5G дар кишвар ба ҳисоб меравад. Ӯ дар хусуси тарзу воситаҳои таъмини сифати телеком-хизматрасониҳо ҳатто дар навоҳии дурдасти кӯҳии ҷумҳурӣ маълумот дод.

 

“Мо мехоҳем, ки ҳар як муштарӣ новобаста аз макони зисти худ ба хизматрасониҳои муосири алоқа дастрасӣ дошта бошад. Ин мақсад инкишофи доимиро тақозо менамояд. Айни замон мо диққати асосиро ба шабакаи 4G зоҳир мекунем – дар тамоми кишвар пойгоҳҳои базавии насли чорумро насб менамоем, модернизатсияи таҷҳизотҳои қаблан насбгардидаро анҷом медиҳем, масалан, қобилияти гузариши онҳоро вусъат бахшида, минтақаи фарогириро васеъ мекунем. Дар гузаронидани корҳои муосиркунонӣ (модернизатсионӣ) ба мо шариконамон кӯмак менамоянд: онҳо низ ҳамеша дар фикри такмил додани телеком-таҷҳизотҳо мебошанд. Ба шарофати ин интернети баландсуръати мобилӣ ҳатто дар ноҳияҳо бо релефи мураккаб, ки барои кишвари кӯҳиамон як падидаи муқаррарист, дастрас мегардад”, - мегӯяд Алиҷон ҒАНИЕВ.

 

Коршиносон инчунин доир ба он, ки дар назорати фаъолияти шабака ба муҳандисони МегаФон худи муштариён кӯмак менамоянд, сухан гуфтанд. Муроҷиатҳои онҳо ба андозакуниҳои ғайринавбатӣ, масалан, ҳангоми сустшавии суръати интернет боис мешаванд. Яке аз сабабҳои эҳтимолӣ – бунёди хонаҳо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бинои нав метавонад сигнали пойгоҳи базавиро халалдор созад. Тавре муҳандисон қайд мекунанд, шабака – “организми зиндаест”, ки дар он доимо ҳар гуна тағйирот ба амал меояд. Табиист, ки мутахассисони алоқа маҷбур меоянд, бо реҷаи 24х7 фаъолият баранд. Лекин аз тарафи дигар дар натиҷа сифати хизматрасониҳои алоқа дар ноҳияҳои дурдаст зуд ба сатҳи муқаррарӣ бармегардад.

 

Шарикони таҷҳизоти муосири алоқаро таҳвилдиҳанда иштирокчиёни комилҳуқуқи “модернизатсияи муттасил” мегарданд. Ҷиҳати фарқкунандаи МегаФон Тоҷикистон он аст, ки ширкат аввалин шуда телеком-технологияҳои пешрафтаро роҳандозӣ менамояд. Барои ин кор мутахассисони баландихтисос зарур меоянд. Аз таҷрибаи худ гуфта метавонам, ки ширкат чунин мутахассисонро доро аст. Онҳо на танҳо кори “оҳан”-ро ба дараҷаи олӣ медонанд, ҳамкорӣ бо онҳо воқеан ҳаловатбахш аст, зеро бо онҳо навовариҳо рӯйи кор омада, ояндаи соҳаи телекоммуникатся бунёд мешавад. Ба ширкат орзуи онро дорам, ки чунин суръати тараққиёт ва мақоми худро дар қатори ширкатҳои пешсафи хизматрасониҳои рақамӣ нигоҳ доранд!” – пас аз барнома изҳор дошт намояндаи ширкати “Хуавей Технологияҳои Тоҷикистон” Тимур ТАХТАЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2