МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон навгардонӣ (модернизатсия)-и шабакаро ба манфиати муштариёни рақамӣ анҷом медиҳад

72 просмотра
Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон навгардонӣ (модернизатсия)-и шабакаро ба манфиати муштариёни рақамӣ  анҷом медиҳад

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба манфиати муштариёни худ, ки фаъолона аз хизматрасониҳои рақамӣ истифода мебаранд, пайваста шабакаро дар ҳудуди НТМ нав гардонидааст. Дар нуҳ моҳи соли 2021, оператор наздики 50 пойгоҳи нави базавӣ, ки стандарти 4G-ро дастрас менамоянд, ба кор даровард. Ҳамаи ин имкон дод, ки на танҳо суръати дастрасии мобилӣ ва қобилияти гузаришии шабака тадриҷан афзоиш ёбад, балки ба муштариён имконияти истифодабарии хизматгузориҳои қулай ва муфиди рақамӣ фароҳам оварда шавад.    

 

Пойгоҳҳои 4G дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Роғун, Рӯдакӣ, Турсунзода, Файзобод ва Шаҳринав насб карда шуданд. Бунёди тақрибан 50 пойгоҳи нави базавӣ аз оғози сол – ин воқеан навгардонии сермиқёси шабака маҳсуб ёфта, он ба муштариён ҷиҳати истифодаи интернети мобилӣ дар ҳаҷмҳои барояшон лозимӣ ва барои ҳалли масоили муҳими онҳо имконият медиҳад.

 

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки трафики асосӣ имрӯз на ба хизматрасониҳои овозӣ, балки ба хизматрасониҳои марбут ба таҳвили маълумот, сарф карда мешаванд. Яъне, рақамикунонӣ ҳарчи бештар рушд ёфта, омили зиндагӣ барои сокинони Тоҷикистон ба шумор меравад. Дастрасии босифати интернет ба талаботи асосии муштариёни рақамии муосир табдил ёфта истодааст. Аз ин рӯ, мо асосан пойгоҳҳои “босуръати” насли чорумро насб мекунем. Даҳҳо манбаъҳои   нави 4G имкон медиҳанд, ки тамоми маҷмӯи хизматрасониҳои мубрам барои муштариён бароҳат истифода бурда шаванд», – шарҳ медиҳад Директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.   

 

Замимаи MegaFonLife, ки дар кишвар ҳамто надорад, якбора паёмрасон, ҳуҷраи шахсӣ, ҳамёни электронӣ ва ҳам барномаи садоқатмандиро дар бар мегирад. Мизоҷони Ширкат аз хона набаромада, бидуни истодан дар навбат ва хизмати миёнаравҳо, имкон доранд, ки, масалан, чиптаҳои ҳавопайморо бихаранд.

МегаФон ҳамчун оператори имкониятҳои рақамӣ рушди шабакаи худро дар қаламрави кишвар идома дода, ҳамзамон маҳсулоту хизматрасониҳоеро, ки ҳаёти ҳаррӯзаи муштариёнро бароҳат ва мусоид мегардонанд, таҳия менамояд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2