Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” корҳои бузургро оид ба модернизатсияи шабака дар вилояти Хатлон анҷом медиҳад. Акнун сокинони ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара имкон доранд, ки интернети босуръати МегаФонро дар платформаи шабакаи насли 4-ум истифода намоянд.
Дар ҳудуди ҷамоати Себистон ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пойгоҳи иловагии 3G ва 4G-ро барои фарогирии пурра ба кор даровард. Суръати 4G 50 Мбит/сон.-ро ташкил дода, он ба муштариён имкон медиҳад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳоро бе мушкилӣ истифода баранд ва инчунин табодули маълумот, фаъолкунии видео ва бисёр амалҳои дигарро бо суръати баланд анҷом диҳанд.
Барои қулайгардонии имкониятҳои мизоҷон МегаФон дар платформаи шабакаҳои модернизатсионӣ маҳсулоти инноватсиониро, ба монанди FinTech, ҳамёни мобилии МегаФон Life ва кортҳои кобрендингӣ таҳия намуда, онҳоро вориди бозор мекунад. Ҳамин тариқ, ширкат ба муштариён имкон медиҳад, ки аз хона тариқи online чиптаҳои ҳавопаймоиро ба даст оварда, маблағи онро бе навбатпоиҳои зиёд ва надодани маблағи иловагӣ ба миёнаравҳо тавассути корт пардохт намоянд. Аз хона набаромада ба воситаи портали yakdy.tj гирифтани машварати духтурон имконпазир аст.
“Мақсади мо бузург аст – он аз бунёди системаи муосиртарини рақамӣ дар кишвар, ки ба талаботи муштариён ҷавобгӯ буда тавонад, иборат мебошад. Вазифаи мо – ҳамеша дар паҳлӯи муштариён будан аст. Инчунин шарики ҳаётии онҳо шудан низ аз вазифаҳои муҳимтарини мост. Ноҳияи Данғара имрӯзҳо фаъолона рушд меёбад. Заводу фабрикаҳои нав сохта мешаванд. Чун натиҷа – талаботи аҳолӣ ба интернети мобилӣ меафзояд. Ба манфиати маҳал ва сокинони он мо корҳои бомиқёсро оид ба модернизатсияи шабака ва такмили сифати алоқа ба анҷом мерасонем. Ва аллакай имрӯз муштариёни мо, ширкатҳо ва шахсони воқеӣ натиҷаҳои ин тағйиротро дар ҳаёти касбӣ ва шахсии худ мавриди амал қарор медиҳанд.”, - қайд намуд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Маҷид САЙТАСАНОВ.