МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” кӯдаконро дар фестивали футбол ба ҳам овард

55 просмотров
Время чтения: 2 мин
“МегаФон Тоҷикистон” кӯдаконро дар фестивали футбол ба ҳам овард

“МегаФон Тоҷикистон” кӯдаконро дар фестивали футбол ба ҳам овард

Санаи 7 апрел дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ-и Тоҷикистон марҳилаи дуюми мусобиқаҳои “Оянда аз ту вобаста аст!” ба поён расид. Дар он кӯдакон аз дастаи мактаб-интернате ширкат варзиданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даври ниҳоии чемпионати “Оянда аз ту вобаста аст!” дар шаҳри Сочии Россия муаррифӣ хоҳанд кард. Барои баромадан ба даври ниҳоӣ ду дастаи гурӯҳи синну солашон калон: “Помир” ва “Рӯшон” ба ҳам мусобиқа карданд. Барои бозингарон ва мухлисон мусобиқааҳо ба фестивали ҳақиқӣ табдил ёфтанд. Бозӣ саршор аз лаҳзаҳои ҷолибу гуворо, драматизм ва эҳсосоти нотакрору хотирмони иштирокчиён буд. Мусобиқа бо пирӯзии “Помир” бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт – кӯдакон тавре хурсандӣ мекарданд, гӯё дар Чемпионати ҷаҳон ғолиб омаданд.

Мусобиқаи футболи “Оянда аз ту вобаста аст!” – чорабинии анъанавиест, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ аллакай ҳашт сол паиҳам баргузор карда мешавад.

“Кӯдакони мо бозии футболро хеле дӯст медоранд. Чорабинии имрӯза кӯдаконро ҳавасманд мекунад, ки ба варзиш машғул шуда, қобилиятҳояшонро такмил диҳанд. Ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва Федератсияи Футболи Тоҷикистон барои ташаббуси беҳтарин ва ташкили фестивал дар сатҳи олӣ изҳори миннатдорӣ менамоем. Мо худ дарк мекунем, ки бояд майдонҳои варзишӣ сохта кӯдакон дар кӯшишҳояшон ҷиҳати машғулшавӣ ба варзиш ва ғолиб омадан дастгирӣ карда шаванд”, - қайд намуд зимни сухани муаррифии худ Раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар ХОҶАНАЗАР ЛУТФУЛЛО.

“Мо фестивалро ҳашт сол паиҳам доир намуда, мебинем, ки интизом, сифатҳои муборизабарӣ, умеди пурра ба пирӯзӣ, қобилияти бозикунӣ дар даста ба кӯдакон бо тақдири начандон осон имкон медиҳад, ки на танҳо дар майдони футбол ғолибиятро ба даст оранд, балки инчунин дар ҳаёт муваффақ гарданд, дӯстону роҳбаладонро пайдо кунанд, ба давлатҳои дигар сафар карда, мақоми худро дар ҳаёт пайдо намоянд. Арзиши лоиҳа оид ба мутобиқшавии иҷтимоии ятимон маҳз аз ҳамин иборат буда, самти афзалиятноки фаъолияти хайриявии мо ба шумор меравад”, - доир ба ҳадафҳои мусобиқаи “Оянда аз ту вобаста аст!” нақл карда изҳор дошт Раим САДОНШОЕВ, Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ. «

Варзишгарони тоҷик чандин маротибаҳо дар марҳилаҳои байналмилалии мусобиқа натиҷаҳои баландро нишон додаанд. Ҳамин тариқ, соли 2011 дастаи Хуҷанд қаҳрамони мусобиқаҳо гардида, шоҳҷоиза – сафар ба Лондонро баҳри боздид аз клуби “Арсенал” ба даст оварда буд.

Ба иштирокчиён баромади бомуваффақонаро дар мусобиқаи “Оянда аз ту вобаста аст!” дар шаҳри Сочи орзумандем!

Мусобиқаи футболи “Оянда аз ту вобаста аст!” – чорабинии анъанавиест, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ аллакай соли ҳаштум ташкил карда мешавад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2