МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон кибер-варзишгарони беҳтарини ҷумҳуриро ба Алмаато равона мекунад

Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон кибер-варзишгарони беҳтарини ҷумҳуриро ба Алмаато равона мекунад

Дар киберфазои ш.Душанбе – “Somoni Cyber Space” марҳилаи миллии чемпионат оид ба киберварзиш, ки бо дастгирии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гузаронида мешуд, хотима ёфт. Мувофиқи натиҷаи бозиҳо аз рӯйи намудҳои  Dota 2 ва CS:GO мутаносибан дастаҳои "RWG (Red White Green)” ва “Project Major” беҳтарин эътироф карда шуданд. Маҳз онҳоро МегаФон Тоҷикистон ба Қазоқистон равона менамояд. Дар он ҷой киберварзишгарони мо барои роҳхат ба мусобиқаи ҷаҳонии WESG-2019-2020 мубориза мебаранд.

 

Чемпионат оид ба киберварзиш дар Тоҷикистон дар ду марҳила гузаронида мешуд. Сараввал иштирокчиёнро онлайн-бозиҳо интизор буданд, дар ҷараёни онҳо аз рӯйи ҳар як намуд ду дастаи беҳтарини қавитарин муайян карда шуд. Аз рӯйи намуди Dota 2 "RWG” ва “Team Eagles”, аз рӯйи CS:GO бошад, "Project Major” и “CC Radnoy” беҳтарин дониста шуданд. Онҳо муборизаро дар даври навбатӣ идома доданд.

 

Аз рӯйи намуди Dota 2 рангҳои парчами миллӣ: “Red White Green” олиҷанобона ғолиб омада, бо ҳисоби “хушк”-и 3:0 ҷойи аввалро соҳиб гардид. Аз рӯйи намуди CS:GO бо натиҷаи 2:1 дастаи "Major Project” ба пеш баромад. Акнун онҳо барои сафар ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон омодагӣ мегиранд. Он ҷой миёни киберварзишгарони Осиёи Марказӣ роҳхат ба даври ниҳоӣ – мусобиқаи ҷаҳонии WESG 2019-2020, ки дар Хитой доир хоҳад шуд, бурд карда мешавад.

  “Аз самими қалб дастаи “Red White Green”-ро муборакбод мегӯям. Технологияҳои рақамӣ хеле зуд инкишоф меёбанд. Ва “МегаФон Тоҷикистон” чун шарики мусобиқа тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ки хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётамон, аз ҷумла дар соҳаи варзиш низ мададрасони мо бошанд. Мутмаинам, вақте, ки Шумо дар ояндаи хеле наздик худро кибер-варзишгар ном мебаред, одамон аллакай намепурсанд, ки он чӣ маъно дорад. Аз таҳти дил ба Шумо шуҳрату шарафи умумимиллиро, ба монанди шуҳрати футболбозону гурзандозони тоҷик, ва албатта пирӯзиро дар Қазоқистон таманно дорам!” – бо варзишгарони беҳтарин хайрбод намуда, изҳор дошт директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2