Дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии “Академияи МегаФон” баргузор гардид. Маҷмааи нави таълимӣ, ки дар кӯчаи Бухоро 34 ҷойгир шудааст, имкон медиҳад, ки ҳангоми омодакунии мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, аз ҷумла мушовирони идораҳои хизматрасоние, ки бевосита бо муштариён кор мебаранд, стандартҳо ва технологияҳои пешрафтаи таълимӣ дар амал татбиқ карда шаванд. Дар ҳуҷраҳои қулай ва муосир инчунин гузаронидани вохӯриҳо бо шарикон ва чорабиниҳо барои сокинони шаҳр дар назар аст.
“Талабот нисбати мутахассисони соҳаи алоқа пайваста меафзояд. Кормандони ширкати мо баҳри коркунӣ бо таҷҳизоти навину муосир ё анҷом додани хизматрасонии муштариён аз рӯйи стандартҳои ҷаҳонӣ бояд мунтазам ихтисоси худро баланд бардоранд. Худи методикаҳои омӯзишӣ бояд ҷавобгӯйи замона бошанд. Маҳз бо ҳамин сабаб зарурати кушодани Академияи мо пеш омад. Бо ёрии он мо имкон пайдо мекунем, ки мақомҳои худро дар бозори телекоммуникатсионӣ мустаҳкам намуда, дастаамонро бо мутахассисони беҳтарини касбӣ ғанӣ гардонем”, - қайд намуд Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
Дар “Академияи МегаФон” омӯзиши коромӯзон, тренингҳо ва дарсҳои омӯзишӣ барои мутахассисони штатии ширкат гузаронида мешаванд. Дар биное, ки бо дизайни ғайриоодӣ бо рангҳои фирмавии МегаФон фарқ мекунад ва бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз карда шудааст, инчунин вохӯриҳо бо шарикони ширкат доир мегарданд. Ба ғайр аз ин, ширкатҳои воқеъ дар шаҳри Душанбе имкон доранд, ки барои гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ ва тиҷоратӣ, намоишгоҳҳо, сессияҳои стратегӣ, инчунин бо мақсадҳои дигар, аз ҷумла ҳангоми амалисозии лоиҳаҳои муштарак бо оператор аз ҳуҷраҳои академия истифода намоянд. Бахусус, доиркунии вохӯриҳои донишҷӯёни макотиби олии пойтахт бо роҳбарони “МегаФон Тоҷикистон”, ки зимни онҳо мутахассисони оянда дар бораи таҷрибаҳои беҳтарини соҳибкорӣ, технологияҳои нави алоқа маълумот гирифта, ихтисоси худро дар касбҳои марбут ба соҳаи телекоммуникатсия баланд бардошта, сипас иштирокчиёни фаъолтарин барои гузаштани коромӯзӣ дар МегаФон даъват карда мешаванд, дар назар дошта шудааст.