МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон дар вилояти Хатлон се толори фирмавӣ ифтитоҳ намуд

7 просмотров
Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон дар вилояти Хатлон се толори фирмавӣ ифтитоҳ намуд

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» густариши шабакаи фурӯшро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Дар шаҳри Бохтар дар суроғаи: кӯчаи Ваҳдат, 196 ва дар кӯчаи Норинов, дар ноҳияи Кӯшониён, дар ҷамоати Ориён толорҳои нави фирмавӣ кушода шуданд.       

Ширкат толорҳои фирмавии худро дар ҷойҳое, ки ҳаёти шаҳр серҳаракат ва пурфаъол мегузарад, ифтитоҳ намудааст. Кӯчаи Ваҳдат - кӯчаи марказии Бохтар аст ва шоҳроҳи асосии шаҳр аз он мегузарад. Ҷамоати деҳоти Ориён дар ноҳияи Кушониён яке аз сераҳолитарин ба шумор меравад. Толори фирмавӣ дар кӯчаи Норинов дар наздикии бозори марказии "Фаровон" ҷойгир аст. Муштариён ҳангоми рафтан ба кор ё ба хона метавонанд тамоми масоили "мобилии" худро зуд ва бароҳат ҳал кунанд, аз ҷумла симкорт бихаранд, хизматрасониҳои иловагиро пайваст/қатъ намоянд, мегабайт бихаранд, замимаҳои серистифодаро ба кор дароранд.        

«Имсол мо баҳри навсозии (модернизатсияи) шабака дар вилояти Хатлон корҳои азимеро анҷом медиҳем. Ҳамзамон, шабакаи толорҳои фирмавиро густариш дода истодаем. Ба ҳайси оператори имкониятҳои рақамӣ, мо ба манфиати муштариёни худ маҳсулоту хизматрасониҳои навро ҷорӣ менамоем. Дар толорҳои фирмавӣ мутахассисони ширкат барои бакордарории замимаи MeгаФонLife, порталҳои Арбуз ТВ, Mega Movie, Mega Music кӯмак карда, оид ба тарзи истифодаи ҳамёни электронӣ нақл мекунанд. Хизматрасониҳои рақамӣ – ин воқеияти даврони мост», – қайд намуд директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2