Барномаҳои шабакаи телевизионии “Футбол +”-ро акнун метавон на танҳо тавассути телевизор, балки инчунин ба тариқи онлайн тамошо намуд. Замимаи ҳамноми мобилӣ ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар смартфонҳо ва планшетҳо бо системаи оператсионии Android дастрас мебошад. Замимаи “Футбол +” аз ҷониби оператор якҷоя бо Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шудааст.
Барои тариқи онлайн тамошо кардани мусобиқаҳои дастаҳои дӯстдошта зарур меояд, ки замимаи мобилии “Футбол +” аз Play Market боргирӣ карда шуда, хизматрасонӣ бо рақамчинии USSD-дархости *2030# фаъол карда шавад. Логин ва парол ба рақами муштарӣ дар шакли SMS-паёмаки ҷавобӣ аз рақами кӯтоҳи 2030 ворид карда мешаванд. Баъди воридкунии логину парол дар равзанаи авторизатсияи истифодабарандаи замимаи мобилӣ танҳо ба роҳат тамошо намудани мусобиқаҳои футбол дар дастгоҳи худ боқӣ мемонаду халос.
Нархи хизматрасонии “Футбол +” барои 30 рӯзи тақвимӣ 20 сомониро бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ ташкил медиҳад. Трафики интернет ҳангоми тамошои мусобиқаҳо тавассути замима барои муштариёни оператор ройгон мебошад. Ҳангоми дар рақами муштарӣ фаъол будани бастаҳои дигари интернетӣ трафик аз онҳо гирифта намешавад.
“Бо роҳандозии лоиҳаи муштарак бо Федератсияи миллии футбол мо ният доштем, ки ин намуди маъруфи варзиш мухлисонро на танҳо дар хона назди экранҳои телевизор, балки инчунин дар ҳамаи ҷойҳое, ки интернети босуръати мобилӣ дар онҳо фаъол аст, бо ҳам ҷамъ оварем. Бояд қайд намуд, чунин маконҳо дар ҳудуди Тоҷикистон рӯз аз рӯз зиёдтар мешаванд. Акнун намоишҳои шабакаи беҳтарини футболро метавон дар планшетҳо ё смартфонҳо тамошо намуд. Ин имконият, бешубҳа, аудиторияи онро васеъ хоҳад кард”, - қайд намуд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.