МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон ба волидайни хонандагони муассисаи таълимии №8-и шаҳри Душанбе дар бораи ҳимояи онлайн ва оффлайни кӯдакон маълумот расонд

Время чтения: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон ба волидайни хонандагони  муассисаи таълимии №8-и шаҳри Душанбе дар бораи ҳимояи онлайн ва оффлайни кӯдакон маълумот расонд

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шиносоии омӯзгорон ва волидайни хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанберо бо хизматрасониҳои рақамие, ки барои таъмини бехатарии кӯдакон дар ҷаҳони виртуалӣ ва воқеӣ имконият медиҳанд, идома дода истодааст. Семинари навбатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и пойтахт баргузор гардид.      

Мавзӯи ҳимояи кӯдакон дар интернет ба ҳамагон муҳим аст. Аз ин рӯ, ба сафи иштирокчиёни семинарҳо на танҳо намояндагони ширкат, балки намояндагони ВКД ва Вазорати маориф ва илми ҶТ шомил мегарданд. Дар чорабинии мазкур ходими ҷамъиятӣ, рӯзноманигори радиои «Asia-Plus» Дарья Христолюбова низ иштирок намуд.

Дар рафти чорабинӣ шарҳи барномаи муфиди назорати волидайни Kaspersky Safe Kids ба ҳозирин манзур гардид. Он дар ду тарофаи махсуси оператор – «Биё! Бехатарӣ» ва «Биё! Бехатарӣ +» дастрас аст. Волидайни хонандагон фаъолона иштирок намуда, саволҳои худро дар бораи қайди мавқеи ҷойгиршавии кӯдак дар харита, саривақт хабардор кардани падару модар ва маҳдуд кардани вақти истифодаи Интернет барои кӯдакон баён намуданд.

«Кӯдакони замони муосир дар шароитҳои пешрафти техникаву технологияҳои нав ва ҷаҳони Интернет рушд ёфта истодаанд. Бениҳоят хуб аст, ки ин гуна барномаҳо барои маҳдудкунии контентҳои номатлуб аз ҷониби ширкатҳои бузург, ба монанди «МегаФон Тоҷикистон», таҳия гардида, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин масъала ҷалб менамоянд. Зимнан, волидайн низ бояд ҳушёр бошанд! Аз амалҳои фарзандон, сомонаҳои писандида ва маълумоти дастраскунандаи онҳо дар ҷаҳони виртуалӣ хабардор шаванд. Яъне, волидайн бояд ба фарзандони худ шароитҳои бехатарро таъмин намоянд!» – баён намуд меҳмони махсуси семинар Дарья ХРИСТОЛЮБОВА.

«Аз ташкил ва баргузории ин гуна чорабинии ҷолиб ва муфид сипосгузор ҳастем. Ҳамаи мо, аз ҷумла омӯзгорон ва волидайн, ҳадафи фароҳам овардани бехатарӣ ва шароитҳои муносибро барои насли наврас, ки дар ояндаи кишвари азизамонро рушд медиҳанд, пеша намудаем. Хурсандиовар аст, ки технологияҳои замони муосир ба мактаб ва   оила кӯмак мерасонанд.   Ба Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бурдборӣ ва   фаъолияти пурсамарро таманно дорам – мегӯяд равонишиноси муассиса Малика ХАМИДОВА.

Ба иштирокчиёни чорабинӣ иқдоми нав бо номи «Чун дар хона» низ мароқовар буд. Мувофиқи шартҳои он, истифодабарандагони замимаи «МегаФон Life» метавонанд аз Россия ба хона бо нархи 7 дирам барои як дақиқа занг зананд. Барои ин, муштариён ҳангоми вуруд ба қаламрави ФР бояд ҳатман ба шабакаи «МегаФон Россия» пайваст шаванд. Ҳангоми истифодаи Wi-Fi-пайвастагӣ ё интернет аз дигар оператори Россия хизматрасонӣ аз рӯи арзиши базавӣ нархгузорӣ карда мешавад. Иқдоми «Чун дар хона» то 1 январи соли 2020 амал менамояд ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои бештар шунидани садои хешовандон ва наздикон кӯмак мерасонад.

«Ин гуна вохӯриҳо бо шаҳрвандони кишвар имконияти беҳтарин ҷиҳати шиносоӣ бо хизматрасониҳои навини телекоммуникатсионӣ маҳсуб мешаванд. Бо ин роҳ ҳамаи саволҳои пайдошаванда дар якҷоягӣ ҳаллу фасл мегарданд. Масалан, дар рафти семинар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 як қатор пешниҳодҳо баён гардиданд, ки мо онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Ин гуна чорабиниҳо ба ҳамагон лозиманд!» – иброз дошт директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2