Дар Душанбе Ҳафтаи технологияҳо, меъморӣ ва дизайни Tad week ба поён расид. Ба ҳайси шарики рақамии чорабинӣ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” баромад намуд. Оператор иштирокчиёнро бо дастрасии ройгон ба интернети Wi-Fi таъмин карда, инчунин дар бораи воситаҳои муосири рақамӣ барои пешбарии тиҷорат маълумот расонид.
Душанбеи замони оянда чӣ намуд мегирад ва фазоҳои истиқоматии “доно” чӣ гуна хоҳанд буд, аз кадом хатоҳо дизайнерон канораҷӯӣ бояд кунанд ва бо чӣ хусусиятҳо метавон аз рақибон фарқ намуд, кадом технологияву маводҳои нав алҳол дастраси мутахассисони соҳаи эҷодӣ мебошанд – ҳамаи ин масъалаҳо зимни гузаронидани форум бо иштироки коршиносони якчанд давлатҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Интернети босуръати МегаФон ба иштирокчиён имкон дод, ки дар реҷаи вақти воқеӣ хабарҳою таассуроти худро дар шабакаи интернет нашр намоянд. Дар баробари ин, роҳбари хадамот оид ба инкишофи тиҷорати корпоративӣ Мухторҷон Солиев зимни баромади худ доир ба роҳҳои нави рушдёбӣ бо ёрии воситаҳои рақамӣ маълумот расонид.
Яке аз хизматрасониҳои муфиде, ки намояндаи МегаФон диққати махсусро ба он равона намуд – хизматрасонии “Таргет” барои танзимкунии “оқилона”-и ирсолҳо буд. Он имкон медиҳад, ки реклама “интихобан” ба истифодабарандагоне, ки ба ин ё он молу хизматрасониҳо мароқ зоҳир менамоянд, фиристода шавад. Интихоби қабулкунандагони паёмак аз рӯйи ҷинс, синну сол, хусусияти дархостҳо дар интернет ва параметрҳои дигар сурат мегирад. Масалан, рекламаи фирмаи дизайнерӣ ба рақами он муштариёне ворид мешавад, ки аз назди ҳамон идора мегузаранд ё маълумоти шабеҳро дар интернет ҷустуҷӯ менамоянд. Мухторҷон Солиев инчунин дар бораи хизматрасониҳои дигари муфид барои тиҷорат (бахусус, дар бораи интернети саноатии ашё) маълумот расонида, ба саволҳои сершумори иштирокчиёни Tad week ҷавоб гардонид.
“Дастгирии чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ ва иштирок дар онҳо ба сифати коршинос ба анъанаи неки ширкати мо табдил ёфтааст. Лекин мо на танҳо оид ба хизматрасониҳои рақамӣ маълумот мерасонем ё алоқаи боэътимодро таъмин мекунем: мо мехоҳем, ки меҳмонони хориҷӣ ба сатҳи инкишофи соҳаи телекоми Тоҷикистон ва сатҳи умумии рақамияти иқтисодиёти кишварамон баҳои баланд бидиҳанд. Ин нақши ниҳоят пурмасъулият аст, лекин таҷрибаи ғание, ки тӯли бист сол ба даст оварда шудааст, имкони ба иҷро расонидани вазифаҳои душвортаринро ба мо фароҳам меорад. Мутмаинам, иштирокчиёни Tad week аз чорабинии баргузоршуда танҳо таассуроти мусбат бардоштанд! – хулосабарорӣ намуда, изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.