МегаФон Таджикистан

МегаФон сокинони шаҳри Хуҷандро ба чорабинии идона даъват намуд

10 просмотров
Время чтения: 2 мин
МегаФон сокинони шаҳри Хуҷандро ба чорабинии  идона даъват намуд

МегаФон Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр дар Майдони ситораҳо барои сокинони шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор намуд. Ширкат ин чорабиниро дар доираи лоиҳаи «МегаФон LIFE Фест» бахшида ба 20-умин солгарди фаъолияти худ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардааст.       

Барномаи ҷолиби идона бо намоишҳои рақсӣ, озмунҳои шавқовар, туҳфаҳои хотиравӣ, ҳунарнамоии ситораи Тоҷикистон овозхон Сафармуҳаммади Рустам табъи сокинони шаҳрро болида гардонданд. Дар авҷи чорабинӣ як амал хеле таъсирбашх буд. Садҳо чароғҳои рӯшноӣ, ки иштирокчиёни ҷашн дар телефонҳояшон фурӯзон карданд, рамзи алоқаи қатънопазирро таҷассум намуданд ва он одамонро муттаҳид ва ба онҳо дар ҳолатҳои мухталифи зиндагӣ кӯмак менамояд.

«Мо аз ҳамаи онҳое, ки имрӯз ба ҷашн омадаанд, миннатдорем. Мо аз муштариёне, ки МегаФонро ба сифати оператори мобилии худ интихоб намуданд, миннатдор ҳастем. Ин аз эътимоди шумо ба ширкат ва сифати хизматрасониҳои мо шаҳодат медиҳад. Мо ҳар рӯз вазифаи худро софдилона ва масъулиятнок иҷро мекунем. МегаФон ҳадафи глобалӣ дорад – яъне сохтани системаи муосиртарини рақамӣ дар кишвар, ки ба талаботи муштариён ҷавобгӯ бошад. Гуфтан мумкин аст, ки мо якҷоя бо ҷумҳурӣ ва сокинони он рушд менамоем. Якҷоя бо ҷумҳурӣ ва сокинони он рушд кунед. Ба шумо тансиҳатӣ, хушнудӣ, нерӯ, пешравии касбӣ, муваффақият ва хушбахтӣ дар оила таманно дорам! Ташаккур, ки бо мо ҳастед. Мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то ин ки шарику ёвари боэътимоди шумо бошем», - гуфта, меҳмонони чорабиниро табрик кард Директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.     

MeгаФон Life Фест рӯзи 3 октябр аз соати 10:00 то 22:00 дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт (Ипподром) баргузор мегардад. Чиптаҳоро барои чорабинии идона тавассути замимаи мобилии ройгони «MeгаФон LIFE» харидан мумкин аст. Нархи чиптаи оддӣ - 80 сомонӣ, чипта бо дастрасӣ ба минтақаи мухлисон дар наздикии саҳнаи асосӣ - 120 сомонӣ мебошад. Ҳангоми харид, муштариёни MeгаФон кешбэк ба андозаи 20% ба даст меоранд. Кӯдакони то 10-сола ройгон ворид мешаванд.

 

Барномаи муфассали фестивал – дар lifefest.megafon.tj [ https://lifefest.megafon.tj/ ]


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2