МегаФон Тоҷикистон ба Муштариёне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, шартҳои имтиёзнокро барои занг задан ба ватан пешниҳод намуд. Дар доираи иқдоми «Чун дар хона» арзиши даъватҳои овозӣ ва видеоӣ барои Муштариёни МегаФон Тоҷикистон ҳамагӣ 50 тин (7 дирам)-ро барои як дақиқа ташкил медиҳад. Барои ин занг задан тавассути замимаи ройгони мобилии «МегаФон Life», ки дар AppStore, Google Play ва дар саҳифаи замимаи infolife.megafon.tj [ http://infolife.megafon.tj/ ] дастрас аст, зарур мебошад.
Замимаи «МегаФон Life», ки аз тарафи оператор ду сол қабл роҳандозӣ гардид, алоқаи овозӣ, паёмрасон, «Ҳуҷраи шахсӣ»-и Муштарӣ, барномаи бонусии «Раҳмат» ва дигар функсияҳои муфид, махсусан «Ҳамён» барои пардохти ғайринақдии харид ва хизматрасониҳоро ба ҳам овард. Аз оғози фаъолияти худ, «МегаФон Life» шартҳои қулайро барои муошират бо хешовандон ва наздикони дар хориҷа қарордошта пешниҳод менамояд. Акнун бо иқдоми «Чун дар хона», барои занг задан аз Россия ба Тоҷикистон шарту имкониятҳои бештар истифода бурда мешаванд.
Иқдоми «Чун дар хона» аз 28 октябри соли 2019 то 1 январи соли 2020 амал менамояд. Дар ин давра, арзиши як дақиқаи муоширати байни Муштариёни МегаФон Тоҷикистон ҳангоми зангзанӣ аз Россия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 50 тин (7 дирам)-ро ташкил медиҳад. Зимнан, барои занг задан аз Россия бо нархи имтиёзнок тавассути замимаи «МегаФон Life», ҳатман аз интернети оператори «МегаФон» (Россия) истифода бурдан лозим аст.
«Мо аз аввал кӯшиш намудем, ки замимаи «МегаФон Life»-ро ниҳоят қулай ва муфид созем. Муштариён ба зудӣ инро арзёбӣ намуда, аллакай моҳи октябри соли 2017 замимаи мазкур дар Google Play шуҳрат пайдо намуд. Шартҳои наве, ки барои муошират бо Россия пешниҳод гардиданд, ба Муштариёни мо барои бо ҳам бештар шунидани овози наздикони худ ва дидани чеҳраи онҳо дар смартфонҳо, сарфи назар аз масофаи дур, имконият медиҳанд», - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати МегаФон Тоҷикистон Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.