МегаФон Таджикистан

Ифтитоҳи толорҳои нави “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд

Время чтения: 2 мин
Ифтитоҳи толорҳои нави “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо таъмини муштариён бо хизматгузории беҳтарин дар минтақа инкишофи шабакаи хусусиро дар вилояти Суғд идома медиҳад. Се толори нави фирмавӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Конибодом ва шаҳри Исфара кушода шуданд.

Дар ҷамоатҳои Урметан ва Хамброеви ноҳияҳои Айнӣ ва Конибодом толорҳои нав пайдо шуданд. Акнун ба сокинони ин ноҳияҳо шаш намояндагии оператор хизмат мерасонад. Толори фирмавӣ дар Исфара рӯ ба рӯйи боғи марказӣ кушода шуд. Ҷойгиршавии қулайи толорҳои имкон медиҳад, ки ҳаррӯза ба садҳо сокинону меҳмонон аз нуқтаҳои дурдасти ноҳия хизмат расонида шавад.

“Тӯли 15 соли фаъолият дар вилояти Суғд “МегаФон Тоҷикистон” худро чун оператори насли нав нишон дода, тарофаҳою хизматрасониҳоро дар асоси талаботи муштариён пешниҳод менамояд. Албатта хизматрасониҳо ва технологияҳои нав саволҳои зиёдро ба миён меоранд. Бинобар ин, муҳим он аст, ки сервиси беҳтарин ҳамеша ба ҳар як муштарӣ наздик бошад. Маҳз бо ҳамин сабаб мо доимо шабакаи толорҳои фирмавиро васеъ менамоем”, - мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

Айни замон дар вилояти Суғд 20 толори фирмавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” – дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, инчунин дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом фаъолият доранд. Дар ҳар як толор метавон тарофаи муфидро пайваст кард, рақами “зебо”-ро интихоб намуд, ҳисоби мобилиро пур кард, машваратҳои муфассалро ба даст овард ё замимаи мобилии "MegaFon.Life” ба кор даровард. Замимаи мазкур имкон медиҳад, ки дар мессенҷерҳо муошират ба роҳ монда, зангҳои видеоӣ анҷом дода холҳои бонусӣ фаъол карда шаванд. Ба ғайр аз ин, ба муштариён дар давоми шабонарӯз мағозаи интернетии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастрас аст, ки тариқи он метавон SIM-кортро бо дилхоҳ тарофа ва рақами абонентии қулай фаъол карда, дар баробари ин, дастгоҳҳои мобилӣ ва лавозимоти онҳо бо нархҳои муфидтарин – бо назардошти иқдомҳо ва пешниҳодҳои махсуси оператор дастрас карда шаванд.

 

Толорҳои нави фирмавӣ дар суроғаҳои зерин ҷойгир шудаанд:

Ноҳияи Айнӣ, ҷамоати Урметан, аз с. 8:00 то 18:00 бе истироҳат;

Ноҳияи Айнӣ, ҷамоати Сарвода, аз с. 8:00 то 18:00 бе истироҳат;

ш. Исфара, к. И. Сомонӣ (нишона – боғи марказӣ), аз с.8:00 то 18:00 (якшанбе – рӯзи истироҳат).


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2