23 июл барои хабарнигорон ва блогерҳои маъруф аз Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон сафар оғоз меёбад. Дар доираи лоиҳаи “DIGITAL SILK ROAD”-и ширкати “МегаФон Тоҷикистон” онҳо зиёда аз 2 200 километрро тай намуда, аз маконҳои асосии тамошобобии ВМКБ ва объектҳои ҷолибтарини алоқаи “МегаФон” боздид менамоянд.
Маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ва деҳаи Қалъаи Хумб, собиқ пойтахти шоҳигарии Дарвоз, Карони қадим, ки аз асри IX шинохта шудааст, маҷмааи нодири буддистии Вранг, ағбаи Қулма, ки дар он дар баландии 4 365 метр аз сатҳи баҳр истгоҳи баландтарини “МегаФон” ҷойгир карда шудааст ва петроглифҳо дар кӯҳҳои Лангар – ҳамаи ин танҳо як қисми маконҳои тмошобобе мебошанд, ки иштирокчиён аз онҳо боздид хоҳанд кард.
Ба сафари шавқовар ва ҷолиб Кирилл Сидоров (маҷаллаи “Вокруг света”, нашрияи қадимтарини илмӣ-оммавии Россия), Элдар Муртазин (портали mobile-review), блогери рус Сергей Анашкевич ва ҳамкори ӯзбекистонии ӯ Алимҷон Анорқулов, инчунин хабарнигори портали тоҷикии dialog.tj Мазбут Қосимов раҳсипор хоҳанд шуд. Дар роҳи сафар онҳо таассуроти дурахшон гирифта, доир ба иншоотҳои туристии Бадахшони Кӯҳӣ маълумот мегиранд ва дар баробари ин эътимоднокии алоқаи мобилиро месанҷанд. Дар назди истгоҳи базавии “Қулма”, ки дар баландтарин макони кӯҳ насб шудааст, сайёҳон на танҳо дар бораи тарзу воситаҳои оператор ҷиҳати таъминкунии алоқаи боэътимод дар Боми Ҷаҳон маълумот пайдо мекунанд, балки инчунин имкон пайдо мекунанд дар гузоштани “капсулаи вақт” ба муносибати 25-солагии ширкати “МегаФон” иштирок намоянд. Ин паём дар соли 2026-ум вақте ки “МегаФон” ҷаҳорякасрагии худро аз лаҳзаи оғози фаъолият дар Тоҷикистон ҷашн мегирад, кушода хоҳад шуд.
“Дар Соли туризм ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ки аҳ ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд, ҳар як ширкати аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул барои баландбардории сатҳи ҷаззобии ҷумҳуриамон имконият пайдо менамояд. Бинобар ин, мо на фақат ноҳияҳои дурдасти баландкӯҳро бо алоқаи боэътимод, ки бе он айни замон ягон сайёҳ зиста наметавонад, таъмин менамоем, балки инчунин журналистони нашрияҳои пешсафро бо муҷассамаҳои таърихию табиӣ ошно менамоем. Мутмаинам, репортажҳои онлайни иштирокчиёни «DIGITAL SILK ROAD» ва маводҳои минбаъдаи онҳо бисёри туристонро, ки барои дидани зебогиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори хоҳиш намудаанд, басо ҷолиб хоҳанд буд”, - қайд менамояд Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
Лоиҳаи «DIGITAL SILK ROAD» бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
“Яке аз воситаҳои босамари инкишофи туризм – маълумотдиҳии васеъ доир ба макони зебову гуворои Тоҷикистон, ки метавонанд писанди меҳмонони Тоҷикистон оянд. Бинобар ин боиси хурсандист, ки “МегаФон Тоҷикистон” чунин сафарҳоро ташкил менамояд. Корҳои чашмбару ҷолиби иштирокчиёни «DIGITAL SILK ROAD» - ва маҳз хабарнигорону блогерҳои боистеъдод ҳатман ба Тоҷикистон сайёҳони навро ҷалб менамоянд”, - қайд намуд Абдукарим ҚУРБОНОВ, сармутахассиси Кумитаи рушди туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
#DIGITALSILKROAD #МегаФон #Тоҷикистон #Алоқаи боэътимоди кишвар #Помир #МегаФонДарБомиҶаҳон