МегаФон Тоҷикистон ба ифтихори 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии фаъолияти ширкат дар кишвар консерти идонаро дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор намуд.
Рӯзи 17 сентябр дар шаҳри Бохтар ва 18 сентябр дар шаҳри Кӯлоб ширкати “МегаФон Тоҷикистон” сокинонро ба консертҳои идона, ки дар доираи лоиҳаи МегаФон LIFE Фест гузаронида шуданд, даъват кард. Барномаи рангини рақсӣ, озмунҳои маърифатӣ, мусиқии шӯху дилнишин табъи иштироккунандагони чорабиниҳои идонаро болида гардониданд. Қисми ҷолибтарини барнома – ҳунарнамоии ситораи санъати тоҷик ва маҳбуби ҷавонон Сафармуҳаммади Рустам маҳсуб ёфт.
Мегафон ҳамчун соҳибҷашн ба мо ин қадар эҳсосоти мусбатро тақдим намуд! Ташаккур барои ташкили консерти хеле зебову дилписанд. Инчунин, мехоҳам сокинони кишварро бо 30–солагии истиқлолияти давлатӣ табрик намоям", - гуфта, миннатдории худро ба ширкат иброз дошт як нафар сокини шаҳри Бохтар Шахноза Аскарова.
Меҳмонон барои муошират бо дӯстону наздикон, ирсоли видео ва суратҳои консертҳо, аз интернети мобилии ройгон дар минтақаҳои Wi-Fi, ки махсус аз ҷониби Мегафон ташкил гардиданд, истифода бурда тавонистанд. Худи ҳамон ҷо дар нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонӣ харидани маҳсулоти ширкат, додани саволҳои матлуб ба мутахассисон, пайваст кардани хизматрасониҳои иловагӣ ва ба кор даровардани замимаи маъруфи МегаФон Life мумкин буд.
“Мо хушҳолем, ки шумораи зиёди одамонро дар консерти худ мебинем. Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад! Бигузор ҳамеша зери осмони сулҳу субот зиндагонӣ кунем! Мо, кормандони ширкати МегаФон, 20 -умин солгарди фаъолияти худро дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта, ният дорем, ки минбаъд низ ба манфиати муштариёни худ амал намоем. Ҳамчун оператори имкониятҳои рақамӣ, мо мунтазам шабакаро навсозӣ карда, маҳсулоти инноватсионии ба сокинон матлубро таҳия менамоем” – қайд кард Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.
MeгаФон Life Фест рӯзи 3 октябр аз соати 10:00 то 22:00 дар шаҳри Душанбе дар “Наврӯзгоҳ” (Ипподром) баргузор мегардад. Чиптаҳоро барои фестивал тавассути замимаи мобилии ройгони «MeгаФон LIFE» харидан мумкин аст. Нархи чиптаи оддӣ - 80 сомонӣ, чипта бо дастрасӣ ба минтақаи мухлисон дар наздикии саҳнаи асосӣ - 120 сомонӣ мебошад. Ҳангоми харид, муштариёни MeгаФон кешбэк ба андозаи 20% ба даст меоранд. Кӯдакони то 10-сола ройгон ворид мешаванд.
Барномаи муфассали фестивал – дар lifefest.megafon.tj [ https://lifefest.megafon.tj/ ]