Зиёда аз 38 миллион зангҳо ва 3 500 Тб трафики интернет – бо чунин натиҷа шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” шаби идро анҷом дод. Аз 31 декабр то 1 январ муштариёни ширкат нисбат ба соли гузашта 29% бештар зангҳо анҷом доданд. Ҳаҷми таҳвили маълумот бошад 34% зиёд шуд.
Дар Соли нав ҳар яки мо мехоҳем, ки ҳамроҳи наздикону пайвандон бошем. Аз ин рӯ, шаби ид бешубҳа барои шабакаҳои мобилӣ ба "вақти рекордӣ" табдил меёбад. Табрикот ба тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ирсол мегардад ва ҳар як сухан бояд сари вақт ба шахси лозимӣ расонида шавад. Бо мақсади он ки муштариён нороҳатиро эҳсос накунанд, муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пешакӣ санҷиши ҳамаҷонибаи шабакаро дар саросари кишвар анҷом доданд, қобилияти гузариши пойгоҳҳои базавиро дар минтақаҳое, ки аз интернет зиёд истифода мебаранд, афзоиш доданд ва каналҳои захиравии алоқаро танзим карданд. Дар рӯзи ид бошад мутахассисон бо ҷидду ҷаҳди зиёд фаъолият карданд, то муштариён тавонанд аз дилхоҳ хизматрасонии алоқа озодона истифода баранд.
Шаби Соли нав инчунин нишон дод, ки чӣ тавр одатҳои муошират тағйир меёбанд. SMS-ҳо ҷояшонро ба форматҳои рақамӣ медиҳанд: барои табрикот муштариён бештар аз зангҳои видеоӣ, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Зиёда аз нисфи трафики интернети идона ба Instagram, TikTok ва YouTube рост омадааст. VoLTE низ маъруфият пайдо мекунад: миқдори даъватҳои овозӣ, ки тавассути шабакаи 4G/LTE анҷом дода шудаанд, дар қиёс бо шаби гузаштаи Соли нав 60% афзудааст.
Эътимоднокии шабака – натиҷаи корҳои бузургест, ки оператор тӯли сол анҷом додааст. Дар соли 2025 МегаФон Тоҷикистон зиёда аз 170 майдони навро бунёд карда, беш аз 450 пойгоҳи базавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Таваҷҷуҳи махсус ба нерӯи барқи захиравии объектҳои алоқа равона гардид. Даҳҳо генераторҳои дизелӣ ва садҳо аккумуляторҳо таъмир ё бо батареяҳои нав иваз карда шуданд. Ин имкон дод, ки шабака ҳатто дар сарбориҳои аз ҳад зиёд устуворона фаъолият намояд.
Давоми сол инфрасохтори таҳвилӣ – хатҳои алоқаи нурӣ-нахӣ, ки тавассути онҳо ҳаҷми зиёди трафик байни шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон таҳвил дода мешавад, ба таври назаррас нав гардид. Дар самтҳои калидӣ қобилияти гузариши шабака 10 маротиба зиёд карда шуд, ки ин ба суръат ва устувории интернети мобилӣ таъсири мусбат расонд. Дар Душанбе ҳалқаҳои шабакаи таҳвилӣ дар соли 2025 қариб 50% нав карда шуда, зарфияти онҳо 10 маротиба афзоиш ёфт.
Сифати баланди хизматрасониҳои операторро ширкати DMTEL, ки дар соли 2025 тадқиқоти мустақили васеъмиқёси алоқаи мобилиро дар саросари кишвар анҷом дод, тасдиқ намуд. Коршиносони DMTEL кори шабакаҳоро дар нуқтаҳои аҳолинишин ва роҳҳои автомобилгард бо масофаи умумии зиёда аз 3 300 км таҳлил карданд. Дар асоси маҷмӯи нишондиҳандаҳо, МегаФон Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол кард - он ҳамчун оператори пешсаф аз рӯи фарогирӣ, ҳиссаи пайвастагиҳои бомуваффақияти овозӣ ва суръати интернети мобилӣ эътироф карда шуд.
Идҳо зуд мегузаранд, аммо эҳсосот ва суханони гарму самимии табрикотӣ муддати тӯлонӣ боқӣ мемонанд. Инфрасохтори боэътимоди ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо чунин тарз фаъолияташро идома медиҳад, то муштариён тавонанд ба якдигар – ҳам дар рӯзҳои ид ва ҳам дар рӯзҳои корӣ наздиктар бошанд.