МегаФон Таджикистан

Дар Хатлон боз се эко-толори ширкати «МегаФон Тоҷикистон» кушода шуд

Время чтения: 1 мин
Дар Хатлон боз се эко-толори ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» кушода шуд

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ифтитоҳи толорҳои фирмавиро дар ноҳияҳои вилояти Хатлонро идома медиҳад. Нуқтаҳои фурӯш, ки барои ороишашон масолеҳи аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода шудааст, якбора дар се ноҳияи вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфтанд.

 

Эко-толорҳои нав барои қабули мизоҷон дар маркази маъмурии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар кӯчаи Сомониён 50, дар Данғара дар кӯчаи Марказӣ ва дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ омодаанд. Ҳамаи се нуқтаи фурӯш дар кӯчаҳои марказӣ ҷойгир шуда, мизоҷон онҳоро ба осонӣ пайдо карда метавонанд.  

 

«Вақте ки толорҳо дар ҷойҳои маълум ҷойгиранд, ба шумо ҳатто лозим нест, ки онҳоро ҷустуҷӯ кунед. Ин барои мизоҷони мо қулай мебошад. Маҷмуи васеи хизматрасониҳои ширкат дар ҳамон ҷое дастрас аст, ки бештари сокинони шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо рафтуомад доранд. Вале, сухан на танҳо дар бораи наздикиву дастрасии толорҳо меравад. Худи ороиши онҳо ба талаботи муосир оид ба имкониятҳои қулайи фазои дохилӣ мувофиқат мекунад. Дар баробари кушодани эко-толорҳо, мо ба сокинони ноҳияҳои вилояти Хатлон хизматрасониҳоро дар сатҳи шаҳри Душанбе пешниҳод менамоем», – қайд кард Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2