МегаФон Таджикистан

Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?

2 просмотра
Время чтения: 2 мин
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?

Фардикунонӣ ба як тамоюли муҳимми соҳаи телекоммуникатсия табдил ёфта истодааст. Соддатар бигӯем, ба муштарӣ танҳо он тарофаю хизматрасониҳое пешниҳод мегарданд, ки маҳз барои ӯ ҷолиб буда метавонанд. Ин таҷрибаи нодири истифодабарандагӣ бо истифода аз технологияҳои Big Data ва алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ ташаккул меёбад. Масалан, ширкати МегаФон Тоҷикистон системаҳои Next Best Offer (NBO) ва Next Best Action (NBA)-ро мавриди истифода қарор додааст.

Пешниҳоди фардӣ (махсус) – тавассути NBO 

Системаи NBO дар заминаи маълумоти бехусусият пешниҳодҳои фардиро бо таҳлили рафтори муштариён ба таври автоматӣ ташаккул медиҳад. Дар ин раванд тарофаю опсияҳои пайвасткардаю қатънамудаи муштарӣ, тағйирёбии хоҳишҳо ва талаботи номбурда, эътинои ӯ ба муроҷиатҳои оператор ба инобат гирифта мешаванд. Ин гуна тарзи амал имкон медиҳад, ки ба муштариён танҳо хизматрасониҳои барояшон мувофиқ пешниҳод карда шаванд. 

Мисоли оддӣ: муштарӣ ҳарчӣ бештар трафики интернетро истифода мебараду нисбатан камтар зангҳоро анҷом дода, СМС ирсол менамояд. Баъзе хизматрасониҳои дигари ройгонро бошад, умуман истифода намекунад. Ин маънои онро дорад, ки система пайвасткунии тарофаро бо бастаи васеъкардашуда пешниҳод карда, опсияҳои нодаркорро аз байн мебардорад. 

Маълумот доир ба имкониятҳои барои муштарӣ ҷолиб дар замимаи мобилии “МегаФон Life”, қисми “Пешниҳодҳои махсус” ҷойгир карда мешавад. Дар он метавон бо чунин имкониятҳо мустақилона шиносоӣ пайдо карда, ҳангоми зарурат пайваст кард. 

Иртиботи муносиб – тавассути NBA 

Агар NBO барои ташаккули пешниҳодҳо ҷавобгар бошад, системаи NBA вақти муносиб ва шакли иртиботро интихоб менамояд. Алгоритмҳо ҳолатҳои эҳтимолан ба кӯмак ниёз доштани муштариро муайян месозанд. Масалан, муштарӣ оид ба хизматрасонии фаъол ва хавфи барзиёд сарф шудани трафик хотиррасон карда мешавад. 

Ҳамин тавр, вақте ҳаҷми бастаи интернетӣ ба тамомшавӣ наздик аст, система метавонад муваққатан трафики таҳвили маълумотро зиёд намояд, то ки муштарӣ хизматрасониҳои алоқаро бе танаффус истифода бурда тавонад. Тамоми шарҳу тавсияҳо инчунин дар қисми “Пешниҳодҳои махсус” дар “МегаФон Life” инъикос меёбанд. 

Натиҷаи умумӣ: NBO ва NBA робитаро нисбатан дақиқ менамоянд, ба ин васила муштариён пешниҳодҳои тасодуфиро камтар қабул мекунанд – танҳо он тавсияҳое фиристода мешаванд, ки маҳз дар лаҳзаи ҷорӣ фоидаовар ҳастанд. 

“Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то пешниҳодҳои таҳияшаванда дақиқ, саривақтӣ ва муфид бароянд. Технологияҳои NBO ва NBA дар дарки амиқи рафтори истифодабарандагон ва пешбининамоии роҳҳои ҳалли махсус, ки аз талаботи воқеӣ асос гирифтаанд, кӯмак мерасонанд”, - мегӯяд Илдар Салихов, директори самти фурӯшҳои оператсионии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2