Салом.
Оё кӯмак лозим аст?
Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред
Ин хизматрасонӣ барои гирифтани Пардохти боваршуда ба маблағи аз 1 сомонӣ то 300 сомонӣ имкон медиҳад.
Ҳангоми рақамчинии USSD дархости *121# ба Шумо паёмак бо маблағи камтарин ва зиёдтарини дастрас, ки Шумо гирифта метавонед, ирсол мегардад.
Баъди гирифтани маълумот Шумо бояд USSD дархости *121*сумма#-ро рақамчинӣ намоед ва ба Шумо маблағ дар ҳаҷми дар дархост нишондодашуда (дар доираи лимити дастрас) ба муҳлати 10 рӯз, аз лаҳзаи гирифтани пардохт пешниҳод мегардад.
Агар маблағи пардохти боваршуда аз 0 то 5,99 TJS-ро дохилан ташкил диҳад, арзиши хизматрасонӣ 1 (як) TJS-ро (бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ) ташкил медиҳад.
Агар маблағи пардохти боваршуда аз 6 то 50,99 TJS-ро дохилан ташкил диҳад, арзиши хизматрасонӣ 3 (се) TJS-ро (бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ) ташкил медиҳад.
Агар маблағи пардохти боваршуда аз 50,99 TJS зиёд бошад, арзиши хизматрасонӣ 6 (шаш) TJS-ро (бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ) ташкил медиҳад.
Ҷадвали №1
|
Ҳаҷми пардохти боваринок |
Арзиши хизматрасонӣ |
|
аз 0 то 5,99 сомонӣ (дохилан) |
1 TJS |
|
аз 6 то 50,99 сомонӣ (дохилан) |
3 TJS |
|
зиёдтар аз 50,99 сомонӣ |
6 TJS |
Дар сурате, агар Шумо пардохти гирифташударо дар ҳаҷми пурра, давоми 10 рӯз аз лаҳзаи гирифтани он насупоред, дар рақами Шумо ҳамаи хизматрасониҳо қатъ гардида, Шумо зери муҳосираи молиявӣ қарор мегиред.
USSD дархостҳои идоракунандаи хизматрасонӣ:
· *121# - Санҷиши маблағи дастраси Пардохти боваршуда.
· *121*сумма# - Гирифтани пардохти боваршуда.
· *122# - Ҳолати пардохти боваршудаи дастрасгардида.
Хизматрасонии “Пардохти боваршуда” ба Муштариёне дастнорас аст, ки дар лаҳзаи ирсоли дархост барои гирифтани пардохт:
· Тавозуни суратҳисоб камтар аз -0,10 сомонӣ бошад.
· Тарофаи “Нигоҳдории рақам” фаъол аст.
· Мақоми муштарӣ “Шахси ҳуқуқӣ” бошад, муштарие, ки дар тарофаи корпоративӣ ё ғайритиҷоратӣ мавриди хизматрасонӣ қарор дорад.
· Аллакай пардохти супориданашуда дорад.