Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • «eSIM»
  • Хизматрасониҳои молиявӣ
  • Хизматрасониҳои асосӣ
  • Занг ва идораи тамос
  • Имкониятҳои муошират
  • Имкониятҳо дар сифр
  • Идоракунии ҳисоб ва назорати тавозун

«eSIM»

Технология eSIM (Embedded SIM – «SIM-корти сохта») – ин микросхемаи хурдакак бо андозаи 6х5 мм мебошад, ки дар марҳилаи истеҳсол сохта мешавад. Барои пайвастнамоии eSIM танҳо гирифтани маълумоти нав тавассути QR-рамзи нав кифоя мебошад.

eSIM ба кӣ лозим аст
  • Шахсоне, ки якчанд рақам доранд. Ҳамзамон оиди шакли SIM-корт (mini, micro, nano) фикр кардан лозим нест;
  • Шахсоне, ки трекер, ноутбук ва дигар қисматҳои «хонаи доно»-ро (сигнализатсия, санҷанда, видеокамера, техникаи маишӣ ва ғ). истифода менамоянд
Моделҳои таҷҳизот, ки технологияи eSIM доранд
  • iPhone XS, XS MAX, XR, 11, 11 Pro, 11 Pro Max;
  • Google Pixel 3, 4;
  • iPad Air 3, iPad mini 5, iPad Pro (версияи сеюм), версияҳо бо дастгирии LTE;
  • Microsoft Surface Pro 5 ва 6.
Чӣ тавр eSIM-ро ба даст овардан мумкин аст

Барои ба даст овардани eSIM, ба яке аз Маркази хизматрасониҳои МегаФон Тоҷикистон муроҷиат намоед. Барои пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи Ширкат аз рӯи технологияи еSIM, шумо бояд бо худ шиносномаи амалкунанда (ID – корт) ва таҷҳизоте, ки модули еSIM-ро дастгирӣ менамояд, дошта бошед.

Барои фаъол гардонидани еSIM, зарур аст:
  • Ба смартфон QR – рамзро скан намоед:
  • Дар меню Танзим → Алоқаи мобилӣ → иловаи тарофаи мобилӣ → баъдан бояд интихоб намоед, ки корт асосӣ ё иловагӣ ҳисобида мешавад
  • Баъди фаъолнамоии eSIM таҷҳизотро қатъ карда, аз нав фаъол намоед.

Яке аз кортҳоро мумкин аст дар Танзим (Настройки) қатъ намоед, дар ин ҳолат қатъ ва пайваст намудани таҷҳизот лозим нест.

Баъди фаъолнамоии eSIM (ҳангоми ивазнамоии SIM – корти оддӣ), SIM – корти оддӣ, ки ба он қаблан рақами мазкур тааллуқ дошт, кор намекунад. Инчунин мустақилона гузаронидани eSIM ба дигар смартфон мумкин нест. QR рамз барои фаъолнамоии eSIM яккарата мебошад.

Арзиши пайвастшавии нав ба шабакаи алоқаи мобилии Ширкат аз рӯи технологияи еSIM, инчунин ивазнамоии рақам аз рӯи технологияи еSIM, 10,00 сомонӣ (бо назардошти ААИ ва андози аксиз) мебошад.

Пайваст намудани eSIM ба таҷҳизот, ки технологияи мазкурро дастгирӣ наменамояд, ғайриимкон мебошад. eSIM-ро гузоштан ё «илова» кардан мумкин нест, дастгирии eSIM бояд дар мушаххасоти таҷҳизоти шумо ишора карда шавад.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред