Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • SputnikPro рӯзноманигорон ва блогерҳоро ба «Академияи МегаФон» даъват менамояд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

SputnikPro рӯзноманигорон ва блогерҳоро ба «Академияи МегаФон» даъват менамояд

5 Февраля 2020

6 ва 7 феврал дар Тоҷикистон бори аввал модули омӯзишии ройгони SputnikPro гузаронида мешавад. Шарики чорабинӣ – ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои машғулиятҳо макони эҷодии худ «Академияи МегаФон» -ро (воқеъ дар кӯч. Бухоро, 34) пешниҳод карда, дастрасии иштирокчиёнро ба интернет бо технологияи Wi-Fi таъмин менамояд.


SputnikPro – семинарҳо, лексияҳо ва машғулиятҳои омӯзиширо аз ҷониби беҳтарин медиа-менеҷерҳои Россия, коршиносон ва мутахассисони пешбари Агентии байналмилалии иттилоотии Sputnik дар бар мегирад. Ба сафи шунавандагон рӯзноманигорони ВАО Тоҷикистон, котибони матбуотии ширкатҳо, блогерҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ шомил мешаванд. Тайи ду рӯз онҳо бо коршиносон як қатор мавзӯъҳои мубрамро, ба монанди трендҳо дар манбаъҳои иттилоотӣ, хусусиятҳои рӯзноманигории варзишӣ, асрори веб-дизайн ва ташкили лонгридҳо, муҳокима менамоянд.


Чорабиниро сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игорь Лякин-Фролов ва муовини сармуҳаррири Агентии иттилоотии «Россия сегодня» Наталья Лосева ҳусни оғоз мебахшанд. «Мо ҳамеша чорабиниҳоро вобаста ба табодули ҷиҳатҳои фарҳангӣ ва зеҳнӣ дар байни кишварҳои мо дастгирӣ менамоем. Боварӣ дорам, ки мулоқот бо мутахассисони варзида ба иштирокчиёни SputnikPro барои пайдо кардани маълумоти зарурӣ оид ба трендҳои навтарин дар соҳаи иттилооту хабарнигорӣ кӯмак мерасонад. Ҳамаи ин барои фатҳи қуллаҳои касбӣ дар ҷаҳони тағйирёбандаи имрӯза хеле муҳим аст», – қайд намуд Игорь ЛЯКИН-ФРОЛОВ.


Модули омӯзишӣ дар «Академияи МегаФон», ки ҳамчун мавқеи бонуфузи эҷодкорӣ дар пойтахт шуҳрат пайдо кардааст, баргузор мегардад. Ғайр аз ин, аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар рафти модули омӯзишӣ дастрасии озодро ба интернет тавассути Wi-Fi таъмин менамояд.


«Манбаъҳои муосири иттилоотӣ – пеш аз ҳама технологияҳои пешқадами рақамӣ маҳсуб мешаванд. Барои аксари ВАО формати интернетӣ – омили асосӣ ба шумор меравад, зеро сокинони кишвар бештар хабарҳоро тариқи мутолиаи онҳо дар экрани смартфонҳои худ пайдо мекунанд. Машғулиятҳоро барои рӯзноманигорон ва блогерҳо бидуни дастрасӣ ба Шабакаи умумиҷаҳонӣ тасаввур кардан душвор аст. Хушҳолем, ки барои SputnikPro интернети ширкати МегаФонро, ки босуръаттарин дар Тоҷикистон эътироф шудааст, пешниҳод намудем» *, – иброз дошт Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.


* Аз рӯи маълумоти тадқиқоти мустақили ширкати Ookla, таҳиякунандаи замимаи SpeedTest, дар семоҳаҳои 2-3 соли 2019.


Теъдоди иштирокчиён маҳдуд аст. Хоҳишмандем дархостҳои худро ба почтаи embassy.dushanbe@yandex.ru (бо қайди SputnikPro дар матни мактуб) ирсол намоед.

ПРИГЛАШЕНИЕ___В__АКАДЕМИЮ__МЕГАФОН_____.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред