Салом.
Оё кӯмак лозим аст?
Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред
10 Ноября 2025
Дар Душанбе даври ниҳоии блитс-мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол таҳти унвони “Оянда ҳоло оғоз меёбад” баргузор гардид. Бозиҳо ҳашт шаҳри бузургтарини кишварро фаро гирифта, зиёда аз 1 600 футболбози наврасро гирд оварданд. Ташкилкунандагони мусобиқаи калон – Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон (ЛФКНТ) ва ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мебошанд.
Ашт, Бохтар, Ваҳдат, Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд, Шаҳринав – чунин аст тавсифи ҷуғрофии лоиҳа, ки ба ҷашни воқеии варзиш табдил ёфт. Футболбозони даҳсола имконият пайдо карданд, ки руҳияи даставӣ, боварӣ ба худ ва муҳаббати самимиро ба бозӣ нишон диҳанд. Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон дар доираи мусобиқа фестивалҳои кӯдакона баргузор шуданд, ки барномаи онҳо бозиҳои намоишӣ, эстафетаҳо, бозиҳои дӯстонаро дар бар мегирифт. Ҳар як варзишгари наврас соҳиби тӯби футбол ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ гардида, фазои идона бошад кӯдакон, волидайн ва мураббиёнро муттаҳид намуд.
Даври ниҳоӣ дар пойтахт анҷоми рангину ҷолиби лоиҳаи васеъмиқёси ҷумҳуриявӣ гардид. Дастаи “Солор”-и Душанбе, ки тавонист дар бозии ҳалкунанда рақиби наздиктарини худро бо ҳисоби бузурги 11:0 шикаст диҳад, бешубҳа пешсафу ғолиб эътироф гардид. Дар баробари ин, мусобиқа бори дигар тасдиқ кард, ки футболи кӯдакона дар Тоҷикистон – на танҳо варзиш, балки мактаби дӯстӣ аст. Писарбачаҳо аз дастаҳои гуногун ҳамдигарро табрик намуда, орзуҳои худро изҳор намуданд. Туҳфаҳои инфиродиро бошад намояндагони ҳар ду даста – иштирокчиёни бозии даври ниҳоӣ ба даст оварданд. Нишонзани беҳтарин бо ба ҳадаф расонидани шаш гол Саид Бобоев (“Солор”) гардид. Бозингари беҳтарин бошад – Баҳриддинзода Эсо аз дастаи “Насл” дониста шуд.
“Мо бо ифтихор лоиҳаҳоеро, ки ба наврасон баҳри нишон додани маҳорату истеъдод ва боварӣ ба худ кӯмак мерасонанд, дастгирӣ менамоем. Дар ин писарбачаҳо аллакай имрӯз ояндаи футболи тоҷик дида мешавад. Мусобиқа нишон дод, ки матонату ҷасорат, кори даставӣ ва талош баҳри амалӣ намудани орзуҳо варзишгарони наврасро ба пешсафони ҳақиқӣ табдил медиҳанд”, - қайд кард директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.
“Дар рафти мусобиқа мо шумораи зиёди наврасони боистеъдодро дидем, - илова кард директори ЛФКНТ Абдулло Соқиев. Чунин мусобиқаҳо – на танҳо рӯйдодҳои варзишӣ, балки қадамҳое ба сӯйи ташаккули насли солиму фаъол мебошанд. Дар якҷоягӣ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мо рушди футболи кӯдакону наврасонро дар саросари кишвар идома медиҳем”.






